ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 октябр, сешанбе, 285-умин рӯзи соли 2021 аст
12 октябри соли 2012 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни сохтмон ва ороишу таҷҳизи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Маркази фарҳангию фароғатии «Кохи Наврӯз» шинос шуданд.
***
8 сол пеш, 12 октябри соли 2013 дар Маркази Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон як варзишгоҳи дорои 5 ҳазор ҷойи нишаст бо ду толори варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
***
Дар ин рӯзи соли соли 2013 дар маркази шаҳри Исфара 3 корхонаи истеҳсолӣ ба истифода дода шуд.
12 ОКТЯБР ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо артрит.
***
Дар Россия рӯзи кормандони соҳаи кадрӣ.
***
Дар Арманистон рӯзи мубориза бо тамокукашӣ.
РӮЙДОДҲО:
12 октябри соли 2009 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва шоҳзода Оғохони IV Маркази исмоилияи шаҳри Душанберо ифтитоҳ намуданд.
***
12 октябри соли 2015 Тоҷикистон ва Бонки исломии рушд Созишномаи «Лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи CASA 1000»-ро ба имзо расониданд.
***
5 сол пеш, 12 октябри соли 2016 китоби президенти Ассотсиатсияи рӯзноманигорони соҳаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латипов таҳти унвони «Дилшод Назаров – қаҳрамони олимпӣ» нашр шуд.
***
12 октябри соли 1950 дар ИМА нахустин мактаби тиббии занона- Коллеҷи тиббии Пенсилвания кушода шуд.
***
120 сол муқаддам, 12 октябри соли 1901 Теодор Рузвелт қароргоҳи Президенти ИМА- ро расман «Қасри сафед» номгузорӣ намуд.
***
12 октябри соли 2000 олимони амрикоӣ устухонҳои тиранозаврҳоро пайдо намуда буданд ва аз ҳама калонтарини онро ба яке аз осорхонаҳои Чикаго ба маблағи 8,5 млн доллар фурӯхтанд.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 2018 дар Бӯстонсарои ҳукуматии «Кохи Сомон» дар шаҳри Душанбе ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.
***
Соли 1999 дар пойтахти Босния- шаҳри Сараево 6-миллиардумин сокини сайёра ба дунё омад.