ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 октябр, панҷшанбе, 288-умин рӯзи соли 2026 аст
15 октябри соли 2011 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи корхонаи коркарди тилло ва мулоқот бо сокинон ба маҳаллаи Шуғноби ноҳияи Ховалинг сафар намуданд.
***
15 октябри соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёда аз 20 нафар роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими минтақаҳои гуногуни Федератсияи Русияро барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Қазоқистон сафар намуданд.
***
15 октябри соли 2020 дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли шоколади «Ҳаловат», ки дар минтақаи саноатии шаҳр бунёд гардидааст, оғоз бахшиданд.
***
15 октябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
15 ОКТЯБР:
Рӯз байналмилалии занони деҳот.
***
Рӯзи байналмилалии дастшӯӣ.
***
Рӯзи байналмилалии асои сафед.
***
Рӯзи ҷаҳонии саратони сина.
***
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон — Рӯзи кишоварзон.
***
Дар Бразилия – Рӯзи муаллим.
РӮЙДОДҲО:
15 октябри соли 1666 шоҳи Англия Чарлз II мӯди нав ҷорӣ намуд – ӯ аввалин маротиба камзӯлча ба бар намуд.
***
15 октябри соли 1927 дар Иттиҳоди Шуравӣ меъёри 7-соатаи рӯзи корӣ муқаррар карда шуд.
***
15 октябри соли 1932 ширкати миллии ҳавопаймоии Ҳиндустон — «Air-India» таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2003 Чин аввалин кайҳоннаварди худро ба сайёра равон кард.
***
15 октябри соли 2016 дар шаҳри Душанбе бахшида ба Иди Меҳргон барномаҳои фарҳангӣ ва намоишу фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир гардиданд.
***
15 октябри соли 2022 дар Тоҷикистон нахустин маротиба маросими ифтитоҳи Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид.
ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…
Соли 1964 калонтарин қубури нафт дар ҷаҳон- «Дӯстӣ» ба фаъолият шуруъ намуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Раҳмат Назрӣ-соли 1951 — шоир, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (1979), Шоири халқии Тоҷикистон (2003), Дорандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2000).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 октябр, чоршанбе, 287-умин рӯзи соли 2026 аст






