«Танзими асъор ва назорати асъор». Таҳти ин унвон китоби нави дарсӣ ба нашр расид

Октябрь 26, 2021 11:13

ДУШАНБЕ, 26.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Танзими асъор ва назорати асъор» — чунин ном дорад китоби дарсие, ки бо заҳмати чандинсолаи сардори шуъбаи назорати асъори идораи танзим ва назорати асъори Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъори Бонки миллии Тоҷикистон Абдулқайси Саидҷаббор таҳия ва  дар «Нашриёти муосир» чоп  гардид.

Тавре муаллифи китоб дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ин асар бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ чун китоби дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавсия гардидааст.

Дар китоб маҷмӯи масъалаҳои танзим ва назорати асъор дар шакли назариявию амалӣ баррасӣ гардидааст. Бахусус асосҳои муносибатҳои асъорӣ, шакл ва намудҳои муосири он инъикос гардида, тартибу қоидаҳои анҷом додани амалиёти асъорӣ дар ҷумҳурӣ ва танзиму назорати онҳо ба таври васеъ ба риштаи таҳлил кашида шудаанд. Масъалаҳои нисбатан муҳими сиёсати асъорӣ ва танзиму назорати асъор инъикос гардида, тартибу қоидаҳои истифодаи асъори хориҷӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти мамлакат тавзеҳ дода шудаанд.

Муаллифи китоб дар баробари муҳаққиқ ва омӯзгор будан тӯли ҳафт сол аст, ки дар низоми бонкӣ фаъолият менамояд ва донишҳои назариявӣ, таҷрибаву малакаи дар амал омӯхтаашро  ҷамъоварӣ намуда, манзури хонандагон намудааст.

Ҷолибияти асар он аст, ки баъд аз ҳар мавзӯи мушаххас барои тақвияти дониши азхудшуда 80 саволи санҷишӣ оварда шудаанд. Зимни мутолиаи китоб хонанда бо амалиёти асъорӣ ва фаъолияти дурусти муассисаҳои молиявию бонкӣ, бозори асъор, хусусан бозори дохилибонкӣ ва нақдии асъори хориҷӣ, тарзу усулҳои танзим ва назорати асъор аз лиҳози назариявӣ ва қонунгузории амалкунанда шинос  мегардад.

Асари илмӣ дар баробари донишҷӯёну омӯзгорон ба мутахассисон ва бонкдорон низ барои истифода ва мукаммалсозии донишҳои аз фанни «Танзими асъор ва назорати асъор» ҳосилнамудаашон кумак мерасонад. Китоб аз панҷ боб иборат буда, 16 мавзӯи аз рӯи методологӣ пай дар пайро фарогир аст. Муаллиф дар боби аввал моҳияти мафҳумҳои «пул» ва «асъор», намудҳои асъор, таснифоти асъор вобаста ба кишвари эмитент, дараҷаи истифода дар бозори байналмилалӣ, дараҷаи устувории қурб, намуди амалиёти асъорӣ ва рамзҳои асъориро ба таври дақиқ баррасӣ намуда, оид ба муносибатҳои асъорӣ, танзими муносибатҳои асъорӣ ва дараҷаи кушодагии иқтисодиёт маълумот додааст. Боби навбатӣ ба сиёсати асъорӣ ва танзими асъор бахшида шуда, дар он ҳадафҳои асосии сиёсати асъорӣ, раванд, усулҳо ва самтҳои асосии танзими асъор, масъалаҳои низоми назорати асъор, маҳдудияти асъорӣ ва ҳадафҳои онҳо ба таври содаю равон шарҳ дода шудаанд. Боби сеюм мавзӯъҳои ҷолибро дар бораи ташаккул, рушди низоми танзим ва назорати асъор дар Тоҷикистон дар бар мегирад.

Масъалаҳои назорати амалиёти асъорӣ дар Тоҷикистон дар боби чорум баррасӣ гардидаанд. Дар ин қисмат тарзи назорати асъории савдои хориҷӣ ва амалиёт бо асъори нақди хориҷии иҷозатдодашуда нишон дода шудаанд. Дар идомаи боб мавзӯъҳои тартиби ба ҷумҳурӣ ворид ва аз ҷумҳурӣ содир  намудани сарватҳои асъорӣ ва тартиби огоҳ намудан дар бораи анҷоми амалиёти асъории марбут ба ҳаракати сармоя ба таври муфассал баён шудаанд.

Масъалаҳои субъектҳои назорати асъор, шаклҳо, принсипҳо ва усулҳои он дар боби панҷум инъикос ёфтаанд. Ин қисмати китоб бо пешниҳоди таҳлили масъалаи ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунгузории асъорӣ дар Тоҷикистон, аз қабили ҳуқуқ­вай­ронкунии маъмурӣ ва ҷиноӣ барои риоя накардани қонунгузории асъорӣ ҷамъбаст мешавад.

Аз мутолиаи китоб бармеояд, ки дар он кӯшиши бонизом ва мураттаб пешниҳод намудани масъалаҳои танзиму назорати асъор ва хусусияти хоси истифодаи онҳо дар шароити мавҷудаи Тоҷикистон баръало дида мешавад.

Муаллифи китоб дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфт, ки баъди қариб ду соли заҳмат бо дастгирӣ ва кумаки зиёди устодону роҳбарони ғамхору кордон китоби дарсӣ барои донишҷӯёни макотиби олӣ аз фанни «Танзими асъор ва назорати асъор» ба нашр расид. Фанни мазкур чанд соли охир дар макотиби олӣ дарс дода мешавад, аммо то кунун ягон китоб аз ин фан бо забони тоҷикӣ таҳия ва чоп нашуда буд. Китоби «Танзими асъор ва назорати асъор» ба тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар, ки риштаҳои иқтисодӣ доранд, ройгон тақсим гардид.

                                                                           Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Аксҳо аз БМТ

Октябрь 26, 2021 11:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Турсунзода Фестивали саводнокии молиявӣ баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1263 то 0.1235 сомонӣ муқаррар шудааст
Байни «Амонатбонк» ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар доираи ҳамкории Тоҷикистон бо Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ академияи бонкӣ таъсис дода мешавад
«Саноатсодиротбонк» ба соҳибкорони Бадахшон беш аз 130 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешниҳод намудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 евро аз 11.4976 то 11.3200 сомонӣ муқаррар шудааст
Масъалаҳои муҳими марбут ба пешгирии хавфҳои ҷойдошта дар ҷаласаи Шурои комплаенс баррасӣ гардиданд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.9000 то 9.9500 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1266 то 0.1230 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1270 то 0.1230 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 9.9114 то 9.9500 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Душанбе намоишгоҳи ҷойҳои кории холӣ баргузор карда шуд