То моҳи сентябри соли оянда дар Душанбе ва Турсунзода ду мактаби таҳсилашон ба забони русӣ ба истифода дода мешаванд
ДУШАНБЕ, 19.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар назар аст, ки то 1 сентябри соли 2022 дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ду мактаб таҳсилашон ба забони русӣ ба истифода дода шаванд. Дар ин бора аз Сафорати Русия дар Тоҷикистон хабар доданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ва намояндагони Бонки авруосиёии рушд аз ҷараёни сохтмони ин иншоот дидан намуданд.
Фармоишгари татбиқи ин лоиҳаи азим бо супориши Ҳукумати Русия Бонки авруосиёии рушд, пудратчии генералӣ «ЗАРУБЕЖДИПСТРОЙ» мебошанд.
«Мо аз ҷараёни корҳои ҷорӣ қаноатмандем. Умедворем, ки сохтмони мактабҳо тибқи нақша — то 1 сентябри соли 2022 ба анҷом расад», — зикр кард сафири Русия.
Сохтмони мактабҳо бо омӯзиш ба забони русӣ тибқи барномаҳои Русия -ташаббуси муштараки Президенти Русия Владимир Путин ва Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Қарор аст, ки мактабҳои русӣ дар панҷ шаҳри Тоҷикистон — Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Турсунзода сохта шаванд. Дар ҳар мактаб зиёда аз 1200 нафар хонандагон таҳсил хоҳанд кард.
АКС: Сафорати Русия дар Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






