Варзишгарони тоҷик дар Мусобиқаи муҳорибаҳои омехтаи Осиёи Марказӣ 10 медал ба даст оварданд

Октябрь 12, 2021 16:14

ДУШАНБЕ, 12.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгарони ҷавони  тоҷик дар Мусобиқаи муҳорибаҳои омехтаи Осиёи Марказӣ 10 медал ба даст оварданд, хабар дод корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода  ба шореҳи варзиши  АМИТ «Ховар»  Меҳрони Қурбон.

Мусобиқаи  мазкур 9-10 октябр дар шаҳри Нуқуси Қароқалпоқистони Ҷумҳурии Узбекистон  аз рӯйи 10 вазн дар сатҳи баланд  баргузор шуд. Варзишгарони тоҷик соҳиби чор медали нуқра ва шаш медали биринҷӣ шуданд. Воҳид Зоҳидзода, Фаридун Шоназаров, Азмуддин Ваҳҳобов ва Асадбек Маннонов тавонистанд барандагони ҷоизаҳои нуқра гарданд.

Медалҳои биринҷиро дар мусобиқа  Ҷамшед Бозоров, Ёқубҷон Сафаров, Шуҳрат Исматов, Ҳувайдулло Табаров, Иброҳим Ғафуров ва Масъуд Одинаев ба даст оварданд.

Ин дафъа медалҳои тиллои мусобиқаи Осиёи Марказиро дар риштаи муҳорибаҳои омехта намояндагони  Узбекистон (ҳафт медал) ва Қазоқистон (се медали тилло) ба даст овардаанд.

    АКС аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати ҶТ

Октябрь 12, 2021 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад