«Вазъи хизматрасонии геронтологӣ ва масъалаҳои маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо»-таҳти ин унвон Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 27.10.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе Конференсияи байналмилалии илмию амалӣ дар мавзӯи: «Вазъи хизматрасонии геронтологӣ ва масъалаҳои маъюбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилот ва роҳҳои ҳалли онҳо» баргузор гардид, ки дар кори он намояндагон аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идора, кумита, ташкилотҳои давлативу ҷамъиятӣ ва дигар давлатҳо — Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Армения иштирок намуданд, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».
Дар конференсия муовини аввали Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғафур Муҳсинзода иброз намуд, ки “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам овардааст. Раванди пиршавии демографӣ дар тӯли даҳсолаҳои охир, вобаста ба тақдири ҳар як инсон хусусияти умумиинсонӣ пайдо карда, боиси тағйирёбии сохтори аҳолӣ дар рӯи замин гардидааст. Аз рӯи маълумоти коршиносони Созмони Милали Муттаҳид дар асри ХХ давомнокии умри аҳолии ҷаҳон 20 сол афзоиш ёфтааст. Тибқи пешгӯиҳо, интизор меравад, ки то соли 2050 умри умри аҳолии ҷаҳон то 10 соли дигар зиёд мегардад”.
Роҳбари намояндагии Хазинаи Созмони Миллали Муттаҳид дар Тоҷикистон Пратибха Мехта гуфт, ки “демография тағйир ёфта, шумораи пиронсолон зиёд шуда истодааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 630 ҳазор нафари аз 64 — сола боло ба қайд гирифта шудаанд. Ин раванд дар дигар давлатҳо низ ба назар мерасад. Нафарони танҳое, ки ҳамсарони худро аз даст додаанд, осебпазиртарин қишри ҷомеа ба ҳисоб мераванд”.
Ба зикри мавсуф 15 фоизи аҳолии ҷаҳон дорои маъюбият буда, дар Тоҷикистон 150 ҳазор нафар шахсони дорои маъюбият мебошанд, ки расман ба қайд гирифта шудаанд. Нафарони маъюб ва шахсони калонсол ҳуқуқҳои баробар доранд. Ворид намудани онҳо ба ҷомеа масъалаи муҳим мебошад, то онҳо тавонанд аз ҳуқуқҳои худ бархурдор шуда, аз имкониятҳои ҷойдошта истифода баранд ва ҳаёти шоистаеро пушти сар намоянд.
Нишондиҳандаҳои демографии пиршавии аҳолии ҷаҳонро коршиносони Созмони Миллали Муттаҳид (СММ)“инқилоби ором” меноманд, ки оқибатҳои фарогир ва пешгӯинашаванда дорад. Бо дарназардошти суръати пиршавии аҳолӣ дар ҷаҳон ва мушкилоти ҷиддии ба миёномада дар соли 2002 Нақшаи байналмилалии амали Мадрид оид ба пиршавӣ таҳия ва ба сарони давлатҳои аъзои СММ пешниҳод карда шуд. Кишварҳое, ки узви СММ ҳастанд, бояд тибқи муқаррароти Нақшаи амали Мадрид ҳар 5 сол дар бораи кор бо шахсони солхӯрда гузориши кишварҳоро пешниҳод кунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар равандҳои пиршавии аҳолӣ истисно нест. Бинобар ин, пиршавии аҳолӣ дар Тоҷикистон, ки бо афзоиши давомнокии умр алоқаманд аст, борҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид карда шудааст.
Тибқи пешгӯиҳо, то соли 2030 шумораи одамони синнашон аз 60 сола боло беш аз 11,5% аҳолии ҷумҳуриро ташкил хоҳад дод, ки ин метавонад мушкилоти муайянеро ба миён оварад.
Дар ин раванд масъалаҳои таъмини ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандони маъюб ва пиронсол, таъмини дастрасии онҳо ба хизматрасониҳои давлатӣ, пеш аз ҳама ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ беш аз пеш муҳимияти хоса пайдо намуда, бояд дар радифи афзалиятҳои сиёсати иҷтимоии давлат қарор дода шаванд.
Бо мақсади татбиқи Нақшаи байналмилалии амалҳои Мадрид бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи экспертизаи тиббию иҷтимоӣ ва тавонбахшии маъюбон» бахши геронтология таъсис дода шудааст. Муассисаи мазкур корҳои илмӣ-тадқиқотиро дар самтитаҳияи ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва дастурҳои методӣ шурӯъ намудааст.
Ҳоло дар Тоҷикистон 6,0%-и аҳолии мамлакатро пиронсолон ташкил медиҳанд. Аз ин теъдод, шахсони аз 80 — сола боло зиёда аз 56 000 нафар мебошанд, ки 11,2%-ро аз шумораи умумии пиронсолон ташкил намудааст. Шахсони солими 60-69-сола бошанд, 20,1%, ва шахсони 70- сола ва аз он боло 16%-ро ташкил намуданд, ки ба хизматрасонии тиббӣ, тиббӣ-психологӣ ва иҷтимоӣ — тиббӣ бештар эҳтиёҷ доранд.
Боядқайд кард, кидавомнокииумрҳангомитаваллуд то 1 январи соли 2020 -75,1 солбуда, бароимардон 73,5 вабароизанон 76,8 солроташкилдодааст. Ҳамзамон, таҳлилҳонишонмедиҳанд, кидавомнокии умри аҳолиидеҳотнисбат ба аҳолиишаҳрҳо 5,2 фоиззиёдбуда, бароимардон 74,6 солвабароизанон 77,7 солроташкилмедиҳад.

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»








Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад
Рустами Эмомалӣ ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун «Дар бораи маҳдуд намудани истифодаи маҳсулоти тамоку»-ро ҷонибдорӣ намуданд
Дар нуҳ моҳи соли равон 86 муассисаи КАТС ба истифода дода шуд
Байни Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ва Ассосиатсияи Умумичинии журналистон Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Панҷакент Форуми ҷумҳуриявӣ ва даври ҷамъбастии озмуни «Беҳтарин оилаи ҳунарманд» доир шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тарбуз, харбуза ва каду дар таркиби худ витамини C ва А бештар доранд






