Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуданд

Октябрь 3, 2021 10:03

ДУШАНБЕ, 03.10.2021. /АМИТ «Ховар»/. 3 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қараниро зиёрат намуда, барои суботу оромии Ватани азиз ва саодатмандию сарбаландии мардуми шарифи Ватан дуою фотиҳаи нек карданд.

Оромгоҳи ин шахсияти таърихии миллати тоҷик дар як мавзеи дилфиребу дорои табиати нотакрори ноҳияи Ховалинг ҷойгир буда, ҳамарӯза аз он ба ҳисоби миёна аз 400 то 500 нафар сайёҳи дохилию хориҷӣ зиёрат мекунанд.

Тавре таъкид гардид, ҳудуди Мамнуъгоҳ бо таваҷҷуҳ ва дастгирии Президенти мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ободу зебо гардонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид ва шиносоӣ бо шароити мавҷуда дар ин макони таърихӣ ба масъулин ҷиҳати боз ҳам ободу зебо гардонидани атрофи оромгоҳ ва риояи суннату анъанаҳои хоси миллӣ ҳангоми ташрифу боздиди сайёҳону меҳмонон аз ин ҷо дастуру ҳидоятҳо доданд.

Феълан дар ҳудуди ноҳияи Ховалинг барои қабули сайёҳон 6 меҳмонхонаи замонавӣ, 10 хостел, 4 мавзеи сайёҳӣ, 2 тарабхона, 2 осорхона, 2 ширкати сайёҳӣ, 60 ёдгории таърихӣ, 2 мағозаи фуруши армуғон, 3 зиёратгоҳ, 1 боғи фарҳангӣ — фароғатӣ мавҷуд буда, 9 хатсайри сайёҳӣ дар мавзеъҳои муайян ва меҳмонхонаҳо овезон карда шудаанд.

Дар меҳмонхона ва хостелҳои ноҳияи Ховалинг имкони қабули то 500 нафар меҳмон мавҷуд аст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикиcтон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати қадршиносӣ ба таърихи пурғановати миллати тоҷик ва корнамоиҳои шахсиятҳои шинохтаи таърихӣ соли 2006 мақбараи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ бунёд карда шуд.
Зиёрати оромгоҳи ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ дар ноҳияи Ховалинг 03.10.2021

Октябрь 3, 2021 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд
Дар идомаи сафари давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев дар барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ»-и ходимони санъати Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд
Ифтитоҳи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз рӯи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон
Имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Узбекистон
Маросими маҷозии ифтитоҳи як қатор иншоот ва оғози татбиқи лоиҳаҳо дар ҳудуди Тоҷикистон ва Узбекистон
Идомаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон
Оғози мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Узбекистон