ХОНА-МУЗЕИ АЙНӢ БА ҶОИ МУНОСИБ КӮЧОНИДА МЕШАВАД. Шарҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
ДУШАНБЕ, 12.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти хизматҳои шоёну барҷастаи адиб, олим, аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон барои ба ҷойи муносиб кӯчонидану бунёд намудани Хона-музейи нави замонавии ҷавобгӯ ба талаботи муосир пешниҳод манзур карда буд. Чунин омадааст дар иттилоияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе.
Тавре аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, иттилоияи мазкур дар робита ба масъалаи кӯчонидани Хона-музейи сардафтари адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, ки ин хабар дар расонаҳои иҷтимоӣ ба таври ҳангома паҳн гардида истодааст, манзур мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тазаккур медиҳад, ки дар ҷойи Осорхонаи мавҷуда бунёди ягон бинову иншооти дигар пешбинӣ нагардидааст ва хабарҳо дар мавриди он ки гӯё дар макони Хона-музей сохтмони меҳмонхона ё бинои таъйиноти дигар роҳандозӣ мегардад, асоси воқеӣ надоранд.
Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи адабии Садриддин Айнӣ соли 1978 бахшида ба 100-солагии сардафтари адабиёти муосири тоҷик бунёд гардида, устод Айнӣ се соли охири ҳаёти худро дар ҳамин манзил гузаронида буд.
Осорхона аз якчанд толор ва бойгониву маҷлисгоҳ иборат буда, ҳар яке тартиб ва вазифаи хешро дорад. Инчунин дар осорхонаи мазкур осори устод Садриддин Айнӣ, ки ба 30 забони дунё тарҷума шудаанд ва асарҳои адибоне, ки ҳаёту эҷодиёти устодро таҷассум кардаанд, нигоҳ дошта мешаванд.
АКС аз манбаъҳои боз








35 ШОҲКОРӢ ДАР ДУШАНБЕ. Дар даврони соҳибистиқлолӣ пойтахти Тоҷикистон ба яке аз шаҳрҳои зеботарини минтақа табдил ёфт
«БУРҶИ ДУШАНБЕ» — 77 ОШЁНА ВА 340 МЕТР БАЛАНДӢ. Сохтмони баландтарин иншоот дар пойтахти Тоҷикистон оғоз гардид
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бинои нави Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросимро ифтитоҳ намуданд
Имсол кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров мавриди истифода қарор дода мешавад
Шумораи воситаҳои нақлиёти мусофирбар дар шаҳри Душанбе 20 фоиз зиёд карда шуд
ДУШАНБЕИ ИДОНА. Дар пойтахти Тоҷикистон ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагӣ мегиранд
Дар ноҳияи Синои пойтахт Муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Нури миллат» ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Дар пойтахти Тоҷикистони соҳибистиқлол — Душанбе лоиҳаҳои азими роҳсозӣ татбиқ гардиданд
Дар ноҳияи Фирдавсии пойтахт корхонаи истеҳсолии ҶСП «Нур Пласт» ба истифода дода шуд
РУШДИ БЕСОБИҚАИ ДУШАНБЕ ДАР 35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе иншооти муҳим ба истифода дода шуданд
«Фестивали тобистонаи Душанбе – 2026» бо барномаи бошукуҳи фарҳангию фароғатӣ ҷамъбаст гардид






