ҲАДИСИ МУСАВВАР. Ҳамкорони мо аз хабаргузории «БелТА» дар бораи фалокати башарӣ дар марзи Беларусу Лаҳистон суратгузориш манзур намуданд

Ноябрь 16, 2021 11:53

ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар» /. Як ҳафта боз гурӯҳи калони гурезаҳо, ки аксари онҳо шаҳрвандони Ироқ, миллаташон курд ҳастанд, дар лагере дар марзи Лаҳистону Беларус умр ба сар мебаранд. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки ба Иттиҳоди Аврупо гузаранд, аммо барои гузаштан аз марзи Лаҳистон иҷозат дода намешавад. Дар лагер, аз рӯи ҳисобҳои гуногун, бештар аз 3 ҳазор нафар одамон ҷамъ шудаанд. Тақрибан 500 нафари онҳоро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Хабаргузории давлатии Беларус «БелТА» ба АМИТ «Ховар» суратгузоришеро дар бораи вазъи буҳронии гурезаҳо дар марзи Беларусу Лаҳистон пешниҳод намуд.

«Ба ғайр аз истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ва истифодаи газ ҳангоми кӯшиши гузаштан ба тарафи ҳамсоя, сарбозони лаҳистонӣ аз силоҳи низомӣ низ истифода мекунанд ва аз болои сарашон тир мепаронанд. Ин кор барои тарсондан ва намоиш додани неру дар назди мардуми бедифоъ, ки аз кишварҳои ҷангзада фирор мекунанд, анҷом дода мешавад»,- иттилоъ медиҳад Кумитаи давлатии сарҳади Беларус.

Бо супориши Президенти Беларус Александр Лукашенко ба паноҳандагон кумакҳои башардӯстона – оби ошомиданӣ, ғизо, ҳезум расонида мешавад. Дар лагер барои занону кӯдакон якчанд хайма гузошта шудааст. Гурезагон дар сармо кӯшиш менамоянд бо афрӯхтани оташ ва дар хаймаҳо гарм шаванд.

 

 

Ноябрь 16, 2021 11:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАДИСИ МУСАВВАР. 3 километр роҳи мошингарди деҳаи Зумрадшоҳи шаҳри Исфара мумфарш гардид
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Суғд намоиши чорвои зотӣ доир гардид
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Сокини деҳаи Ҷовидони шаҳри Турсунзода Оятулло Забиров тасмим гирифтааст симчӯбҳои фарсудаи деҳаро иваз намояд
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар масири роҳи мошингарди Душанбе – Чанок барф меборад
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Тоҷикистон дар Конфронси 26-уми байналмилалии иқлими СММ дар Глазгои Шотландия
ҲАДИСИ МУСАВВАР. Дар Душанбе Анҷумани VI омӯзгорон ва кормандони маорифи кишварҳои узви ИДМ доир гардид
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Ҷаҳонро мавҷи эътирозҳо алайҳи «Толибон»* фаро гирифтааст
СУРАТ-ДАЛЕЛ: Ба муносибати 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бархе биноҳои шаҳрҳои Куала-Лумпур, Анқара ва Абу Забӣ бо рангҳои парчами Тоҷикистон равшан гардиданд
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Мардум дар бисёр кишварҳо алайҳи «Толибон» эътироз карданд. Оё сарони давлатҳои абарқудрат ва СММ садои онҳоро мешунаванд?
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Кормандони Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе марҳилаи 2-юми ваксинатсияро гузаштанд
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар Душанбе таҳти унвони «Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз!» барномаи фарҳангӣ доир гардид
СУРАТ-ДАЛЕЛ. Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок корҳои таъмиру навсозии роҳ вусъат меёбанд