АГЕНТИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ: 4-5 ноябр дар Тоҷикистон ҳаво номусоид шуда, бориши борон ва барф пешбинӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 4-5 ноябр дар ҷумҳурӣ номусоид шудани вазъи ҳаво дар назар буда, бориши борон ва барф пешбинӣ шудааст, иттилоъ доданд аз Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».
4 ноябр дар водиҳо борон борида, дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борон ва барф дар назар аст. 5 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои вилояти Суғд бориши бошиддат ба амал омада, бадшавии дурии биниш аз эҳтимол дур нест.
Дар ноҳияҳои алоҳида шиддатёбии вазиши шамол бо суръати то 13-18 метр дар як сония пешгӯӣ мешавад.
4 ноябр ҳарорати рӯзонаи ҳаво то 7-10 дараҷа паст мешавад.
5-6 ноябр дар баъзе ноҳияҳо, ба истиснои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тормеғ (туман) мефарояд.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Татбиқи лоиҳаи «Барқарорсозии зерсистемаи системаи ВМК-и канали Қумсангир» ба 95 фоиз расид
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар Сангвор ситоди ноҳиявӣ оид ба омодагии пурра ба фаслҳои тирамоҳу зимистон таъсис ёфтааст
Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид






