Ҷаласаи якуми гурӯҳи кории «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим» доир шуд

Ноябрь 24, 2021 13:52

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Душанбе ҷаласаи якуми Гурӯҳи кории  «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим» оид ба натиҷагирӣ ва ҳадафҳои барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025 дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. 

Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа аъзои гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, ассотсиатсияҳои соҳавӣ, АМИТ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳузур доштанд.

Муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зараффо Қиёмзода доир ба милликунонии ҳадафҳои рушди устувор ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» инчунин сардори Раёсати мониторинг, сиёсати экологӣ, обуҳавошиносӣ ва кадастри Кумита Исфандиёр Шукуров оид ба  «Натиҷагирӣ аз рӯи масъалаҳои ҳифзи муҳити зист дар барномаҳои миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 ва солҳои 2021-2025» бо рӯнамо маърӯза намуданд.

Оид ба ҳадафу вазифаҳои гурӯҳи  кории «Ҳифзи муҳити зист, ҳолатҳои фавқулода ва тағйирёбии иқлим», ки дар доираи Шӯрои миллии рушди назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст,  мушовирону коршиносони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ сухан гуфтанд.

 АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ

Ноябрь 24, 2021 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Пахтакорони пешсафи шаҳри Ҳисор бо Сипоснома ва мошини сабукрав қадрдонӣ гардиданд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 23 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конфронси илмию амалӣ доир шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон меборад
Муассисаҳои таълимии ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид