ҚАСАМ БА НОМАТ, ЭЙ ВАТАН. Дар қисми ҳарбии шаҳри Хоруғ маросими савгандёдкунӣ баргузор шуд
ХОРУҒ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Наваскарони қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ барои садоқат ба халқу Ватан ва Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд намуданд. Дар маросими савгандёдкунӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд, иттилоъ дод мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Наваскарони қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пайи сафороии расмӣ бо хондани Суруди миллӣ дар ҳузури фармондеҳони ин қисми низомӣ ва волидонашон ба қабули савганди ҳарбӣ оғоз намуданд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Алишер Мирзонабот наваскаронро ба муносибати 27-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маросими савгандёдкунӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо далериву матонат, саломатию сарфарозӣ ва дар иҷрои касби пуршараф бурдборӣ таманно намуда, изҳор дошт, ки имрӯзхо дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ чавонони таҳамтану бовиқор, зираку чолок ва содиқ ба арзишҳои миллӣ дар ҳифзи марзу буми ватан саҳми арзишманд мегузоранд.
Дар маросим сардори Раёсати Кумитаи амнияти миллӣ дар вилоят, генерал- майор Абдусамад Салимзода, сардори Раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи амнияти миллӣ дар вилоят, генерал-майор Исматулло Одиназода ширкат варзида, наваскаронро ба муносибати ин лаҳзаи таърихии ҳаёташон табрик намуда, қабули савганди ҳарбиро ҳамчун нишонаи эҳтиром ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ дар пойдории сулҳу субот ва шукуфоии доимии кишварамон маънидод намуданд.
Наваскарони ин қисми марзбонӣ дар фазои мутантан ба халқу Ватан содиқона қасам ёд карданд, ки оинномаи ҳарбӣ, амрҳои фармондеҳону сардорони худро бе чуну чаро иҷро карда, барои ҳифзи марзу буми ватан ҷонашонро нисор мекунанд.
Дар ҳамоиш ҳамчунин волидайни наваскарон аз шаҳру ноҳияҳои вилояту ҷумҳурӣ ширкат варзида, аз наваскарон даъват ба амал оварданд, ки дар таъмини ҳифзи оромию субот, амнияти миллат ва дахлнопазирии сарҳади давлатӣ тамоми кӯшишу ғайрати худро ба харҷ диҳанд. Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири таъмини шароити сарбозону афсарон ҳамасола кӯшишу талошҳои зиёд мекунад. Аз ин рӯ сол аз сол таъмини қисмҳои низомӣ бо силоҳу муҳимоти муосири ҷангӣ ва шароити маишии сарбозон боз ҳам беҳтар гардида истодааст.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Вазири мудофиа: «Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Артиши миллии Тоҷикистон роҳи пуршарафу пурмасъулиятро тай намуд»
РУШДИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРАИ ҲАРБӢ. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Гвардияи миллӣ ба сохтори қудратманди ҳарбии таъйиноти махсус табдил ёфтааст
Даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1999-2008 ба хизмати ҳарбӣ аз моҳи октябр оғоз мегардад
БА ИСТИҚБОЛИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Миллати тоҷбарсар ва Сарвари тамаддунофар
ПЕШВОИ МИЛЛАТ — ПУШТИБОНУ ҒАМХОРИ ЯТИМОН. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
«Нозирони навраси ҳаракат»-и Тоҷикистон дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷойи якум гардиданд






