Бахшида ба Рӯзи Президент маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» доир мешавад

Ноябрь 15, 2021 15:27

ДУШАНБЕ, 15.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 16 ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор гардида, дар он се нафар иштирокчии фаъол бо Шоҳҷоиза ба маблағи 50 ҳазор сомонӣ ва ғолибони дигар жанрҳои ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм бо маблағи аз 35 то 15 ҳазор сомонӣ, диплом ва мукофотпулиҳо сарфароз гардонида мешаванд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар маросими ҷоизасупорӣ намояндагони вазорату идораҳои мамлакат, инчунин аҳли илму адаб ва волидайни ғолибон иштирок менамоянд. Баъди  маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупорӣ  барномаи консертии бошукӯҳ бо иштироки ҳунармандони маъруф баргузор мегардад.

Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» соли сеюм аст, ки ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди мусиқии нав, инчунин таълифи ашъори баландғояи ватандӯстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон баргузор мегардад.

Имсол дар даври аввали озмун 2991 нафар довталаб иштирок намуда, аз ин теъдод 1317 нафар ба даври дуюм роҳхат гирифтанд. Аз 1317 нафар довталаб, ки дар даври дуюм ширкат варзиданд, 311 нафар ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат гирифтанд. Аз ин теъдод 152 нафар сароянда, 121 тан навозанда ва 38 нафар оҳангсоз мебошанд. Тибқи тақсимоти синусолӣ, ки дар Низомнома муқаррар гардидааст, дар даври сеюм 120 нафар довталаби аз 12 то 17- сола ва 191 нафар довталаби аз 18 то 40-сола иштирок намуданд.

Бояд гуфт, ки дар даври сеюм ба ҳар номина як ҷоизаи ифтихорӣ ҷудо гардидааст, ки баробар ба Шоҳҷоиза аст.  Ҷоизаи мазкур ба иштирокчие дода мешавад, ки дар асар офаридан, суруд хондан ва мусиқӣ навохтан маҳорат ва истеъдоди фавқулода нишон медиҳад. Зеро маҳорат, истеъдод ва касбияти ӯ аз иштирокчии ҷойи якум болотар аст. Инчунин дар ин рӯз устодоне, ки шогирдони онҳо дар озмун ҷойҳои якум, дуввум ва сеюмро ба даст овардаанд, бо 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ  сарфароз гардонида мешаванд.

Ғолибони озмуни мазкур ҳуқуқи иштирок дар чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ пайдо намуда, ба мактабҳои миёнаи махсуси мусиқӣ, коллеҷи мусиқӣ ва мактаби олии мусиқӣ (консерватория) тариқи суҳбат, ба таври ройгон, бе супоридани имтиҳон қабул карда мешаванд. Вазорати фарҳанги мамлакат  санадҳои ғолибони озмунро дар асоси таҳияи тартиби махсус барои 10 сол нигоҳдорӣ намуда, баъдан ба бойгонӣ месупорад.

Ёдовар мешавем, ки маросими ҷоизасупорӣ 16 ноябр,  соати 17:00 муайян гардидааст.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Ноябрь 15, 2021 15:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид