Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ-2022 дар Душанбе доир мешавад

Ноябрь 30, 2021 14:18

ДУШАНБЕ, 30.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ-2022 дар шаҳри Душанбе доир мешавад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.

«Ҳайати баландпояи Конфедератсияи велосипедронии Осиё таҳти роҳбарии президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Шайх Осама Аҳмад Ал-Шафар 27 ноябр ба Тоҷикистон барои муайян кардани ҷой ва шарту шароити баргузории аввалин Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ сафари корӣ анҷом доданд», — иттилоъ доданд дар КМО Тоҷикистон.

Ёдовар мешавем, ки масъалаи баргузор кардани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар соли 2022 дар шаҳри Душанбе моҳи июни соли равон дар мулоқоти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Осама Аҳмад Ал-Шафар мувофиқа шуда буд.

Дар робита ба баргузор кардани Чемпионати Осиё оид ба велосипедронӣ дар шоҳроҳ аз 25 то 28 марти соли 2022 дар шаҳри Душанбе миёни Конфедератсияи велосипедронии Осиё ва Федератсияи велосипедронии Тоҷикистон шартнома ба имзо расид.

Велосипедронӣ дар шоҳроҳ дар масофаи аз 150 то 240 километр ва велосипедронӣ миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд дар масофаи 22 километр сурат мегирад. Макони баргузорӣ пас аз хулосаи ҳайати комиссияи техникӣ эълон карда мешавад.

Президенти Конфедератсияи велосипедронии Осиё Шайх Осама Аҳмад Ал-Шафар ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳамчунин ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ташриф оварда, аз Осорхонаи «Шарафи олимпӣ» дидан карданд.

 АКСҲО: КМО Тоҷикистон

Ноябрь 30, 2021 14:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд