Дар Бадахшон доир ба таҷлили арзандаи Рӯзи Парчами давлатӣ машварати назоратӣ баргузор шуд

Ноябрь 22, 2021 14:05

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Арҷ гузоштан ба Парчами давлатӣ- ин эҳтиром намудани Ватану модари худ буда, он пеш аз ҳама, муаррифи нангу номус, шарафу иқбол ва номи бузурги давлату миллат аст, аз ин рӯ дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ин санаи фархунда барои ҳамаи муассисаҳову идораҳои давлативу ғайридавлатии ҳудуди вилоят ва насби ин муқаддасоти миллӣ дар бинову иншоот баҳри пос доштани арзишҳои миллӣ заминаи воқеӣ мегузорад. Ин нуктаро иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот зимни машварати назоратӣ иброз намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ВМКБ хабар медиҳад, дар машварати назоратии назди и.в Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот инчунин масъалаҳои ҷараёни иҷрои қарори Раиси ВМКБ оид ба нақшаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалисозии Бистсолаи омӯзиш ва рушди фаннҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2020-2040, рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва масъалаи таҷлили арзанда аз Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, баҳри пешбурди фаъолияти минбаъда дар самтҳои мазкур ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Алишер Мирзонабот ҷиҳати таъсис додани утоқҳои фаннии сикли табиӣ-риёзӣ дар 313 муассисаи ҳудуди вилоят ба масъулини соҳа супориш дод, ки нақшаи муайяни фаъолиятро дар доираи имконияти мавҷуда ва ҷалби соҳибкорону шарикони рушд таъсис дода, корро дар ин самт ҷоннок намоянд.

АКС: МИҲД-и ВМКБ

Ноябрь 22, 2021 14:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад