Дар Бадахшон корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ таҳти назорат гирифта шуданд
ДУШАНБЕ, 20.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи супориши иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот гуруҳи корӣ таҳти роҳбарии муовини якуми раиси вилоят Низом Мирзозода бо корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар вилоят аз наздик шинос шуд. Бо ин мақсад гурӯҳи корӣ ба ноҳияи Рӯшон рафта, бо ҷараёни корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар ин минтақа шинос шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.
Маълум гардид, ки сокинони деҳаи Поҷвари Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо маблағгузории шарикони рушд ва саҳмгузории сокинони деҳаи Поҷвар аз тарафи Афғонистон дандонсадда сохта истодаанд. Дандонсаддаи мазкур барои соҳили чапи дарёи Панҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон хатар эҷод мекунад. Он сабаби аз байн бурдани зиёда аз 140 гектар заминҳои корами обии деҳаҳои Дерзуд, Барзуд ва Баррӯшони ҷамоати деҳоти Н. Додихудоеви ноҳияи Рӯшон гардида, инчунин эҳтимолияти хатари шусташавии роҳи байналмилалии Хоруғ- Душанбе, зери об мондани як адад фермаи чорводорӣ, 20 адад хонаи истиқоматӣ, базаи лагистикии Агентии захираҳои моддии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба вуҷуд меорад.
Бинобар ин муовини якуми Раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон Низом Мирзозода оид ба корҳои сохтмонӣ нисбат ба ин масъала эроди ҷиддӣ гирифта, ба маъсулини сохтмон барои бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта супоришҳои мушаххас дод.
Ҷараёни иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ таҳти назорати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ қарор дорад.
АКСҲО: МИҲД-И ВМКБ








Тоҷикистон ва Корея ҳамкориро дар самти рақамикунонии китобдорӣ густариш медиҳанд
Мутахассисони алоқа ба мавсими сармо омодагӣ мебинанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Бо иштироки Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Бахшида ба Рӯзи забони давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид






