Дар Бохтар корҳои сохтмонии толори тобистона, гулгашти «Дуои модар» ва «Оташи абадӣ» ҷараён доранд
ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон тибқи лоиҳаи ангоравии бунёди толори тобистона, гулгашти «Дуои модар» ва «Оташи абадӣ» корҳои сохтмонӣ идома дошта, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз ҷараёни он дидан намуд, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар».
Лоиҳаи мазкур дар доираи тадбирҳои созандагию бунёдкорӣ ҷиҳати ободу зебо гардонидани ҳар гӯшаи диёр ба нақша гирифта шуда, аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар маблағгузорӣ мегардад. Иншооти мазкур дар ҳаҷми 0.60 гектар доман паҳн намуда, дар он гулгашти «Дуои модар» ва «Оташи абадӣ» сохта мешавад.
Раиси вилоят ба роҳбарияти шаҳри Бохтар ва масъулон ҷиҳати сари вақт анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода, иброз дошт, ки мавзеи мазкур бояд тарзе сохта шавад, ки диққатҷалбкунанда ва барои халқу миллат манфиатбахш бошад.
Сипас раиси вилоят аз заминҳои кишоварзӣ дар ҳудуди шаҳри Бохтар дидан намуда, бо ҷараёни кишт ва парвариши гулҳои гуногунранг шинос шуд.
Дар вилояти Хатлон захираву имконияти зарурӣ баҳри рушди соҳаи кишоварзӣ зиёд буда, баҳри истифодаи самараноки он бояд аз ҳама имконоти мавҷуда мақсаднок истифода кард. Интихоби дурусти тухмӣ омили фаровонҳосилӣ гардида, ба деҳқонон даромади бештар медиҳад. Аз ин рӯ марди деҳқон ҳангоми кишту кор ва парвариш бояд тамоми нозукиҳои кори кишоварзиро ба инобат гирифта, заминро самаранок истифода намояд.
Ҳамчунин раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода зимни сафари корӣ дар шаҳри Бохтар аз сардхона дидан намуд. Айни ҳол дар сардхонаҳои шаҳри Бохтар меваҳои себ ва ангур нигоҳдорӣ гардида, дар назар аст, ки дигар навъҳои маҳсулот низ нигоҳдорӣ шаванд. Тарзи нигоҳдории маҳсулот дар сардхонаҳо бо усули замонавӣ ба роҳ монда шудааст. Раиси вилоят ба соҳибкорон ҷиҳати фарогирии бештари маҳсулот ва захираи кофӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
АКСҲО аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилояти Хатлон









Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар «Саноатсодиротбонк» чорабинии тантанавӣ ба ифтихори таҷлили Рӯзи Модар баргузор гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Ҷамъи 11: МегаФон Тоҷикистон шабакаи идораҳои хизматрасонӣ ба муштариёнро васеъ менамояд
5-6 март дар Тоҷикистон борони бошиддат пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба роҳҳои пешгирии коррупсия, терроризм ва экстремизм ҳамоиш доир шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Дар Душанбе масоили афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ баррасӣ шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Айнӣ қариб 3000 бех ниҳол шинонида шуд






