Дар Душанбе доир ба масъалаи солимии модар ва кӯдак конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Ноябрь 12, 2021 09:23

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар  Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами муҳофизати солимии модар ва кӯдак: коронавирус ва солимии репродуктивии занон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбарият ва кормандони пажӯҳишгоҳ, роҳбарони якчанд таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар».

Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар самти  беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ёдовар шуда, зикр намуд, ки баҳри таъмини солимии модарон ва кӯдакон солҳои охир дар кишвар корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шудаанд.

Директори  Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогии Тоҷикистон Гулҷаҳон Давлатзода иброз дошт, ки  таъмини солимии модарону кӯдакон  ҳадафи асосии роҳбарият ва кормандони Пажӯҳишгоҳ маҳсуб шуда, ҷиҳати иҷрои ин вазифаи пурмасъулият  тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.

Ҳамчунин зикр шуд, ки  новобаста аз пайдоиши пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон хуб ба роҳ монда шуда,  дар ин самт тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида мешаванд.

Дар идомаи ҳамоиш як зумра мутахассисон доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳа сухан гуфтанд.

АКСҲО аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Ноябрь 12, 2021 09:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст
Дар нимаи моҳи октябр дар Тоҷикистон пастшавӣ ва тағйирёбии ҳарорати ҳаво дар назар аст
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия чиро бояд донист?
ЗАБОН-РУКНИ МУҲИММИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвон ҳамоиш баргузор гардид
Институти астрофизика бо таҷҳизоти муосири астрономӣ таъмин гардид
«ХУШДОМАНИ БЕҲТАРИН». Шоҳҷоизаи озмун насиби Холбӣ Амонбекова аз шаҳри Хоруғ гардид
Дар Тоҷикистон ду нафари аз 110-сола боло зиндагӣ менамоянд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПИРОНСОЛОН. Куҳансолон хазинаи бебаҳои инсоният мебошанд
Масъалаи ҳифзи кӯдакон аз таъсири таблиғи ғизои носолим баррасӣ гардид
Дар вилояти Хатлон ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Хушдомани беҳтарин» муайян гардиданд
Осори Мавлоно чун падидаи нодири адабиёт ва андешаи башарӣ то имрӯз аҳаммияти бузурги маънавию ахлоқӣ дорад