Дар Душанбе доир ба масъалаи солимии модар ва кӯдак конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр дар Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои мубрами муҳофизати солимии модар ва кӯдак: коронавирус ва солимии репродуктивии занон» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Дар конференсияи мазкур муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода, роҳбарият ва кормандони пажӯҳишгоҳ, роҳбарони якчанд таваллудхонаҳои шаҳри Душанбе ва мутахассисони соҳа иштирок намуданд, иттилоъ доданд аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар».
Муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Абдусаматзода аз таваҷҷуҳ ва дастгириҳои Ҳукумати мамлакат дар самти беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба модарон ва кӯдакон ёдовар шуда, зикр намуд, ки баҳри таъмини солимии модарон ва кӯдакон солҳои охир дар кишвар корҳои муҳиму назаррас ба анҷом расонида шудаанд.
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва перинталогии Тоҷикистон Гулҷаҳон Давлатзода иброз дошт, ки таъмини солимии модарону кӯдакон ҳадафи асосии роҳбарият ва кормандони Пажӯҳишгоҳ маҳсуб шуда, ҷиҳати иҷрои ин вазифаи пурмасъулият тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Ҳамчунин зикр шуд, ки новобаста аз пайдоиши пандемияи COVID-19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматрасонии тиббӣ ба модарону кӯдакон хуб ба роҳ монда шуда, дар ин самт тадбирҳои муҳиму саривақтӣ андешида мешаванд.
Дар идомаи ҳамоиш як зумра мутахассисон доир ба паҳлуҳои гуногуни соҳа сухан гуфтанд.
АКСҲО аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар роҳи Душанбе–Чаноқ хатҳои уфуқӣ аз нав кашида мешаванд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд






