Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол миёни наврасони то 15-сола доир мешавад

Ноябрь 12, 2021 09:10

ДУШАНБЕ, 12.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 17 то 24 ноябр дар шаҳри Душанбе Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) миёни наврасони то 15-сола доир мешавад. Дар он чор даста барои ба даст овардани унвони чемпионӣ талош менамоянд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.

Дар Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон (U-15) дар баробари дастаи мунтахаби наврасони   Тоҷикистон дастаҳои мунтахаби наврасони Эрон, Узбекистон ва Қирғизистон ширкат менамоянд. Дастаи  мунтахаби Тоҷикистонро ба ин мусобиқа сармураббӣ Зайниддин Раҳимов омода мекунад.

Дар доираи чемпионат 6 бозӣ анҷом дода мешавад. Ҳамаи бозиҳо бо иштироки мухлисон дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор  мегарданд.

Тибқи низомнома, Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон мутобиқи системаи даврӣ дар як давр баргузор ва ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад.

Чемпионати CAFA-2021 миёни наврасон (U-15)

Иштирокчиён: Тоҷикистон, Эрон, Узбекистон, Қирғизистон.

1-ум давр
19 ноябр (ҷумъа)
12:00. Узбекистон – Эрон
15:00. ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон

2-юм давр
21 ноябр (якшанбе)
12:00. Қирғизистон – Узбекистон
15:00. Эрон – ТОҶИКИСТОН

3-юм давр
23 ноябр (сешанбе)
12:00. Эрон – Қирғизистон
15:00. ТОҶИКИСТОН – Узбекистон

                                                                   АКС аз Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 12, 2021 09:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад