Дар Глазго бо ташаббус ва ҳамраисии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси СОР26 чорабинии канории сатҳи баланд баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 04.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 ноябр дар шаҳри Глазго дар ҳошияи Конфронси 26-уми тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР26) таҳти унвони «Мустаҳкам кардани иқтидори кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ дар раванди пешгирии пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва мушкилоти марбут ба об дар давраи COVID-19: таҷриба ва роҳҳалҳо» бо ташаббус ва ҳамраисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, СММ ва Агентии байналмилалӣ оид ба энергияи барқароршаванда (IRENA) чорабинии канории сатҳи баланд баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш муовини Дабири кулли СММ, Намояндаи олии СММ оид ба Гурӯҳи кишварҳои тараққикунандаи маҳсур дар хушкӣ Куртенай Раттрай, муовини Дабири кулли СММ, Роҳбари Департаменти СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (DESA) Лю Женмин, Вазири муҳити зист, иқлим, сайёҳӣ ва саноати меҳмондории Зимбабве Мангалисо Ндлову ва Директори кулли IRENA Франсеско Ла Камера суханронӣ намуданд.
Муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода дар нишасти мазкур иштирок ва суханронӣ намуд. М.Ҳусейнзода роҷеъ ба таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, алалхусус обшавии босуръати пиряхҳо, коҳишёбии дастрасӣ ба оби тоза ва зарурати андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар ин масъалаҳо сухан гуфт. Мавсуф аз шарикони байналмилалӣ даъват ба амал овард, то ба иқдомҳои муштараки ҳамоҳангшуда дар мавриди пешгирии таъсири оқибатҳои тағйирёбии иқлим, роҳандозии тадқиқот ва арзёбии фарогири пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба кишварҳо ва мустаҳкам намудани зарфияти ниҳодҳову сохторҳои давлатҳои осебпазир мусоидат кунанд.

М. Ҳусейнзода дар мавриди нақши фаъоли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаҳои обу ҳифзи пиряхҳо, инчунин моҳияти Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” маълумоти мавриди таваҷҷуҳ пешкаш намуд.
АКСҲО: ВКХ ҶТ








Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






