Дар Хоруғ бо мақсади захира барои зимистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 16.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — шаҳри Хоруғ бо мақсади ғанӣ гардонидани дастурхони бошандагони вилоят аз маҳсулоти мавриди ниёзи аввал ва захира барои фасли зимистон ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор шуд.
Дар ярмарка зиёда аз 2 тонна гӯшт, 45 сар моли майда, 15 тонна картошка, 10 тонна сабзӣ ва 5 тонна меваву сабзавоти тару тозаи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои ВМКБ бо нархи муносиб ба савдо гузошта шуд.
Муовини сардори Раёсати кишоварзии вилоят Раҷаббек Раҷаббеков гуфт, ки “кишоварзони ноҳияҳои Ванҷу Дарвоз имсол бори даҳум аст, ки дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ширкат мекунанд ва баъзе меваҷотеро, ба шумули анору анҷир, лимӯ, ки дар дигар ноҳияҳо парвариши он ғайриимкон аст, ба харидорон пешкаш мекунанд. Дар бозорҳои шаҳр ин намуди меваҷот мавҷуд аст, аммо бо сабаби баланд будани нарх на ҳама онро харида метавонанд. Дар ярмаркаи имрӯза нархи меваҳои субтропикӣ нисбат ба бозор 40-45 фоиз арзонтар аст”.
Кишоварзони ноҳияҳои Роштқалъа ва Мурғоб дар ярмарка қариб як тонна гӯшт, 300 тонна картошка, 200 кг сабзӣ ва намудҳои гуногуни сабзавоту меваҷотро ба фурӯш гузоштанд. Гӯштро ба харидорон бо нархи 40-45 сомонӣ фурӯхтанд, дар ҳоле ки дар бозор нархи он аз 55 сомонӣ зиёд аст.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни боздид аз ин ярмарка ба деҳқонону чорвопарварон барои ба фурӯш гузоштани маҳсулоти хушсифати арзон сипосгузорӣ карда, изҳор дошт, ки “мо минбаъд барои мустақиман ба дасти харидорон расидани маҳсулот дар бозор шароити мусоид фароҳам меоварем. Зеро яке аз иллатҳои боло рафтани нархи маҳсулоти кишоварзӣ- ин ба дасти дуюм ё худ миёнарав афтодани маҳсулот аст, ки дар натиҷа деҳқон ё чорводор фоидаи кам мегираду харидор зиёни бештар мебинад”.
Сокинони шаҳр аз ин пешниҳоди раиси вилоят бо қаноатмандӣ истиқбол гирифтанд.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе 176 кило гӯшти бедонаи ба талаботи бехатарӣ ҷавобгӯнабуда мусодира гардид
Дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ намоишҳои фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар Маркази миллии тестӣ ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайн нишасти матбуотӣ доир мегардад
«Қиссаҳои Шераки Ориён» аз чоп баромад
Дар Вена масоили густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии Австрия оид ба рушд баррасӣ шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Душанбе ҳашари экологии «Тозагии маҳал» гузаронида шуд
Дар Остона ҷаласаи намояндагони аршади Саммити Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея баргузор гардид






