Дар Ховалинг аз хизматҳои шоёни кормандони собиқи милитсия ёдовар шуданд
ХОВАЛИНГ, 10.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Ховалинг бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик бо иштироки кормандони шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ва собиқадорони соҳа маҷлиси тантанавӣ доир шуд, иттилоъ дод мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг ва собиқадорони соҳа аз таърихи милитсияи тоҷик сухан ронда, аз хизматҳои даҳҳо кормандони соҳа, ки дар ноҳияи Ховалинг солҳои тӯлонӣ фаъолият намудаанд, ёдовар шуданд. Гуфта шуд, ки якчанд нафар кормандони шуъба дар барқарорсозии сохти конститутсионии давлати соҳибистиқлоламон ба ҳалокат расида, чандин нафари дигар маъюб шуданд.
Дар идомаи ҷаласа аз номи Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ба чанд нафар кормандони фаъол барои хизматҳои шоён ифтихорномаю туҳфаҳо тақдим гардиданд.
Дар ин рӯз ба оилаҳои кормандоне, ки ҳангоми иҷрои вазифа шаҳид гардидаанд, кумаки яквақта, аз қабили орду равған, шакару биринҷ ва картошкаю пиёз расонида шуд.
АКСҲО аз АМИТ «Ховар»








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






