Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар» /. Имрӯз бахшида ба 27-умин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳрии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадалӣ Ватанзода дар мавзӯи «Конститутсия бахтномаи миллат аст» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Маҳмадалӣ Ватанзода зикр намуд, ки қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рӯйдоди бузургу тақдирсоз дар таърихи навини тоҷикон бо ҳарфҳои заррин сабт гардида, нақшҳои он ҳамчун роҳнамо дар пешрафти ҳаёти ҷомеа асрҳои аср хидмат хоҳад кард.
Маҳмадалӣ Ватанзода ҳамчунин иброз дошт, ки ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишмандтарин дастовард барои миллату мардуми шарафгавҳари мо буда, ин неъмати давлатдорӣ ҷиҳати таҳкими пояҳои ҳуқуқӣ зарурати қабули қонуни асосӣ, яъне Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба миён овард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади сиёсӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷати сарнавиштсозу ифодагари азму ирода ва нияту орзуҳои неки халқи Тоҷикистон буда, дар марҳилаи хеле ҳассосу мураккаби сиёсии кишвар 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Конститутсия заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии он, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон ва таҷзияи ҳокимияти давлатиро муайян сохта, муҳимтар аз ҳама, инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ, халқро сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эътироф кард ва барои инкишофи минбаъдаи муносибатҳои нави ҷамъиятӣ шароити созгор муҳайё намуд.
Дар ҳамоиш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода Зариф дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикаистон: таҳия ва қабули он», раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода дар мавзӯи «Ҳуқуқҳои байналмилалӣ дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», муовини раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода дар мавзӯи «Нақши тағйиру иловаҳо ба Конститутсия дар рушди қонунгузории мамлакат» маърӯза намуданд.
АКСҲО аз Маҷлиси намояндагон








Файзалӣ Идизода сокинони Сангворро ба гиромӣ доштани дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ даъват намуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Марҳилаи пур аз рӯйдодҳои муҳим, созандагӣ ва дастовардҳои беназири Тоҷикистон
Вакилони Маҷлиси намояндагон ба фаъолони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва Шоҳмансури пойтахт моҳияти Истиқлоли давлатиро шарҳ доданд
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагон бо фаъолони шаҳри Панҷакент вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода бо аскарону афсарон ва фаъолони ноҳияи Сангвор вохӯрӣ намуд
Вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе доир шуд
Дастовардҳои соҳаи маориф дар солҳои Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ шуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохӯрӣ намуд
Вакилони Маҷлиси намояндагон бо фаъолони ноҳияи Фирдавсӣ вохӯрӣ намуданд
Вакили Маҷлиси намояндагон бо кормандони соҳаи тандурустии шаҳри Ҳисор вохӯрӣ намуд
Ҷаласаи ғайринавбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Намояндаи Парлумони Тоҷикистон дар конфронси байналмилалӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Узбекистон иштирок намуд






