Дар пойтахт Рӯзи театри тоҷик таҷлил мегардад
ДУШАНБЕ, 02.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 ноябр дар Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи М.Воҳидов бахшида ба Рӯзи театри тоҷик барномаи бошукӯҳи фарҳангӣ доир мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик ба таъсиси Театри давлатии академӣ-драмавии ба номи А. Лоҳутӣ иртибот дорад, зеро театри мазкур 7 ноябри соли 1929 таъсис ёфтааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, бори аввал дар ин рӯзи соли 1929 театри тоҷик ба фаъолият оғоз намуд. Ин театри драмавӣ буд, ки баъдтар соли 1933 ба он номи адиб Абулқосим Лоҳутӣ гузошта шуд. Ҳамчунин дар ин сол ба театри мазкур унвони академӣ дода шуд.
Дар даврони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлили ин рӯз ба анъанаи нек табдил ёфт. Дар ин рӯз ҳунарпешаҳо, коргардонҳо, драмнависон, рассомон, бастакорон, тамоми аҳли театри мамлакат ҷамъ омада, оид ба дастоварду комёбиҳои эҷодии худ, бурду бохт ва нақшаҳои оянда ибрози назар мекунанд.
Ба гуфти мутахассиси пешбари раёсати санъати Вазорати фарҳанги мамлакат Маҳмадшариф Азимов, дар нуҳ моҳи соли равон дар театрҳои касбии мамлакат 26 асари нав саҳнавӣ гардиданд, ки аз ин шумора дар театрҳои пойтахт 6 намоиш ва дар театрҳои музофотӣ 20 намоиш рӯи саҳна омаданд. Инчунин соли равон бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи тамошои намоишҳои театрӣ аз ҷониби кормандони вазорату идораҳо ба тасвиб расид, ки тибқи он аз 3 апрел то 26 июни соли равон тамоми вазорату идораҳо намоишҳоро тамошо карданд ва ин икдом аз моҳи октябр то моҳи декабр идома меёбад.
Дар ҷумҳурӣ 18 театри касбӣ мавҷуд аст, ки аз ин теъдод 6 театр дар шаҳри Душанбе, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон, 1 театр дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолият мекунанд. Дар даврони истиқлолият дар ҷумҳурӣ 4 театри касбӣ: Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ – драмавӣ дар ноҳияи Данғара, Театри тамошобини наврас дар шаҳри Хуҷанд, Театри ҷумҳуриявии драмаи мусиқии ба номи М.Воҳидови ноҳияи Ашт ва Театри вилоятии лӯхтаки «Афсона» –и шаҳри Бохтар таъсис дода шуданд.
Театрҳои мамлакат ба шарофати ғамхориҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳоли рушду инкишоф ва таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ қарор доранд.
Ёдовар мешавем, ки барномаи фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи театри тоҷик 5 ноябр, соати 17:00 оғоз мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд
«ТОҶИКИСТОН—КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Ёдгориҳои таърихӣ ва мероси фарҳангии тоҷикон дар шаҳри Рим муаррифӣ гардиданд
Шералӣ Хоҷазода: «Намоиши осори бостонии тоҷикон дар Осорхонаи тамаддунҳои Рим эътирофи миллат дар арсаи байналмилалӣ аст»
«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак оғоз мегардад
«ТОҶИКИСТОН-КИШВАРИ ЁДГОРИҲОИ НОДИР». Дар Рим ёдгориҳои нодири таърихию фарҳангии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд






