Дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии Хоруғ бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ ва барномаи мусиқӣ доир шуд

Ноябрь 9, 2021 15:09

ХОРУҒ, 09.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори таҷлили сазовори Рӯзи милитсияи тоҷик дар  Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Хоруғ ба номи Меҳрубон Назаров ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он роҳбарони сохторҳои интизомӣ,  ҳайати шахсӣ,  меҳмонон ва собиқадорони соҳа ширкат варзиданд, хабар дод мухбири минтақавии АМИТ «Ховар». 

Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  генерал-лейтинанти милитсия Абдураҳмон Аламшозода тамоми кормандони ин ниҳоди муҳими давлатиро бо солгарди навбатӣ самимона шодбош намуда, ба ҳар нафар дар адои вазифаи пуршараф ва масъулиятнок барору комёбӣ таманно карда,  аз  таърихи таъсиси милитсияи тоҷик ва саҳми он дар таҳкими волоияти қонун, сулҳу субот дар ҷомеа, ҳифзи дастовардҳои истиқлол ибрози назар намуд.

Зикр шуд, ки бо ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо гуноҳи як гурӯҳи иғвоангезу фурсатталаб  вазъи сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ бар асари даргириҳои дохилӣ комилан хароб гардида, фишангҳои давлатдорӣ суст ва эътимоду боварии аҳолӣ  ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ коста гардид. Робитаи  кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо аҳолӣ  аз байн рафта,  мардум аз муроҷиат  ба  ниҳодҳои қудратӣ  худдорӣ менамуданд. Вале матонату устуворӣ  ва  далериву  шуҷоати кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ҳамбастагӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон дод, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ ва силоҳбадаст боздошту безарар гардонида шаванд ва дар муддати кӯтоҳ сулҳу субот ва тинҷиву осудагӣ  барқарор гардад. Дар роҳи барқарор намудани сохти конститутсионӣ, пойдории давлати ҷавони Тоҷикистон, тахкими истиклолият ва мубориза бо гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша садхо нафар фарзандони содиқи ватан ҷони худро аз даст доданд.

Муовини якуми Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ баён дошт, ки дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии кишвар дастовардҳои  назаррас ба назар мерасад. Дар ҳудуди вилоят дар ин муддати начандон тӯлонӣ биноҳои маъмурӣ ва дигар иншооти ёрирасон барои фаъолияти пурсамари кормандони мақомоти милитсия бунёд гардида, бо муосиртарин таъҷизот ҷиҳозонида шуданд, ки ба фаъолияти минбаъдаи кормандони ин ниҳоди қудратӣ такони ҷиддӣ бахшид. Барои хизматҳои шоиста дар роҳи ҳифзи манфиатҳои миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакат дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 600 нафар корманди ин ниҳод  аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот бо камоли эҳтирому самимият ин санаи фарахбахшро ба тамоми кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ табрик гуфта, дар иҷрои вазифаи хизматӣ ба ҳар яки онҳо саломатӣ, шарафу иззат ва номуси ватандорӣ орзу намуд.

Муовини Раиси Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор  Нусратулло Мирзоев аз нақши кормандони ҳифзи ҳуқуқ  дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, волоияти қонун ва сулҳу субот  ҳарф зад.

Бо ёдоварӣ аз  суханони  Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки мақомоти корҳои дохилӣ, ки вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амниятии ҷомеа, таъмини волоияти қонун,  ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатию ҷамиятию ғайридавлатӣ,  ташкилоти шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ  ба уҳдаи онҳо гузошта шудааст,  дар сохтори мақомоти қудратӣ яке аз ҷойҳои марказиро ишғол менамоянд. Дар робита ба авзои сиёсии ҷаҳони имрӯза таъкид гардид, ки кормандони сохторҳои қудратӣ ва хизматчиёни ҳарбӣ бояд  аз ҳарвақта дида, бештар фаъолияти худро пурзӯр намоянд ва дар ҳама ҳолатҳо омодаи ҳифзи сарҳад ва муқаддасоти миллӣ бошанд.

Барои хизматҳои содиқона, садоқат ба савганд, интизоми намунавӣ ва фаъолияти хуби корӣ ва ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик  бо фармони  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва иҷрокунандаи вазифаи раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин як гурӯҳ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо рутбаҳои ҳайати роҳбарикунанда, нишонҳои сарисинагӣ, медалҳои ҷашнӣ, ифтихорномаву сипоснома, туҳфаҳои хотиравӣ ва мукофоти пулӣ дар вазъияти тантанавӣ қадрдонӣ гардидаанд.

Дар ин рӯз филми ҳуҷҷатӣ, ки ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар вилоят бахшида шуда буд, манзури иштирокдорон гардонида шуд.

Баъди тамошои филми ҳуҷҷатӣ барномаи рангини адабӣ-мусиқӣ бо ширкати ҳунармандони маъруфи кишвар манзури аҳли толор гардонида шуд.

АКСҲО: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 9, 2021 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд