Дар Тоҷикистон Қонун «Дар бораи паркҳои технологӣ» қабул мегардад

Ноябрь 1, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Интизор меравад, ки дар оянда дар Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» дар таҳрири нав бо дарназардошти таъсиси паркҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) дар заминаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ қабул карда шавад.

Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар иртибот ба ин дар Душанбе нахустин ҷаласаи гурӯҳи кории байниидоравӣ  оид ба баррасии  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии «Дар бораи паркҳои технологӣ» баргузор гардид, ки дар он намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, шарикони рушд, аз ҷумла намояндагони Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид /СММ/, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ/КБМ/ ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо /САҲА/ иштирок намуданд.

Муовини Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии  Тоҷикистон, роҳбари гурӯҳи корӣ Фарҳод Билолзода зикр намуд, ки лоиҳаи Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» дар таҳрири нав бо дарназардошти таъсиси паркҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) дар заминаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ бо дастгириву кумаки техникии шарикони рушд-Барномаи Рушди СММ, КБМ ва САҲА бо ҷалби коршиносони милливу байналмилалӣ бо назардошти гузаронидани таҳлилҳои соҳавӣ таҳия гардидааст.

Қабули санади мазкур заминаи мусоидро бо шароити ҷолиб ва ҳавасмандкунанда барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ, ҷорӣ намудани инноватсия дар саноат ва пайвастани илм бо истеҳсолот фароҳам меорад.

Интизор меравад, ки рӯзҳои наздик аз ҷониби гурӯҳи корӣ лоиҳаи ин санад баррасӣ шуда, оид ба қабули он ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳои мушаххас пешниҳод гарданд.

Тибқи  протоколи ҷаласаи ХХI Шӯрои машваратии назди Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 25 феврали соли 2021 Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор гардидааст, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи паркҳои технологӣ» дар таҳрири нав бо назардошти таъсиси паркҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT Park) дар заминаи таҷрибаи пешрафтаи ҷаҳонӣ, инчунин такмили заминаи ҳуқуқии ҷорӣ намудани тарзи кори имзои электронии рақамӣ ва гардиши ҳуҷҷатҳои электрониро таҳия ва пешниҳод намояд. Ҳамзамон бо ин гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шудааст.

     Аксҳо аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ ва манбаъҳои боз

Ноябрь 1, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд