Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд

Октябрь 27, 2026 18:30

ДУШАНБЕ, 27.10.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин академия.

Конференсия бо ташаббуси бахши таҳқиқи Русия дар назди шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон баргузор шуда, дар кори он намояндагони мақомоти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ҷомеаи коршиносии Тоҷикистон ва Русия иштирок намуданд.

Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода иброз дошт, ки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар тӯли фаъолияташ ба яке аз майдонҳои муҳими муколамаи сиёсӣ, ҳамкории иқтисодӣ, илмию техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни кишварҳои аъзо табдил ёфтааст. Тоҷикистон ҳамчун яке аз давлатҳои муассиси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба рушди муносибатҳои дӯстона, таҳкими эътимоди мутақобила ва густариши ҳамкории судманд бо кишварҳои аъзо таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Таъкид гардид, ки  бо шарофати сиёсати хориҷии сулҳҷӯёна ва созандаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷумҳурии мо дар таҳкими ҳамгироии минтақавӣ, таъмини амнияту субот ва рушди муносибатҳои гуногунҷанба дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил саҳми назаррас мегузорад.

Дар идома Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Семён Григорев доир ба аҳамияти таҳкими муносибатҳои дӯстона ва шарикии стратегӣ байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил андешаронӣ намуда, нақши ин созмонро дар рушди ҳамкории бисёрҷониба, таъмини суботи минтақавӣ ва густариши робитаҳои иқтисодию гуманитарӣ муҳим арзёбӣ намуд.

Гуфта шуд, ки баргузории чунин ҳамоишҳои байналмилалӣ барои таҳкими муколамаи илмӣ, баррасии масъалаҳои мубрами рушди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва муайян намудани дурнамои ҳамкории минбаъда заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар конференсия инчунин директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои академияи Рустам Ҳайдарзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилафрӯз Саидӣ ва дигар олимону муҳаққиқон сухан намуданд.

Иброз гардид, ки дар шароити мураккаби муносибатҳои байналмилалӣ ва тағйирёбии босуръати равандҳои геополитикӣ тақвияти ҳамкории бисёрҷониба, таҳкими эътимоди мутақобила, ҳамоҳангсозии иқдомҳои муштарак ва истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда барои рушди устувори давлатҳои аъзо аҳамияти махсус касб менамояд.

Густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, саноат, энергетика, нақлиёт, маориф, илм ва технологияҳои муосир, инчунин рушди робитаҳои гуманитарӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти минбаъдаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба ҳисоб меравад. Дар ин замина нақши муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ дар омӯзиши равандҳои ҳамгироӣ, таҳияи пешниҳодҳои илман асоснок ва муайян намудани роҳҳои самараноки ҳалли масъалаҳои муштараки давлатҳои аъзо муҳим арзёбӣ гардид.

АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

 

 

Октябрь 27, 2026 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд