Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд

Октябрь 27, 2026 10:21

ДУШАНБЕ, 27.10.2026/АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии  Нидерландия таҷрибаи пешқадамро дар самти истифодаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар фаъолияти мақомоти гумрук омӯхтанд. Дар ин хусус ба  АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Ҳамоише, ки дар мавзуи «Содагардонии расмиёти савдо дар Осиёи Марказӣ» дар Нидерланд баргузор гардид, намояндагони мақомоти гумруки Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон ва Узбекистонро ба ҳам овард.

Баррасии роҳҳои амалии татбиқи зеҳни сунъӣ дар амалиёти гумрукӣ, автоматикунонии расмиёти гумрукӣ, истифодаи самараноки маълумот ва такмили низоми идоракунии таваккалҳо аз ҳадафҳои асосии ҳамоиш буд. Ин тадбирҳо ба баланд бардоштани самаранокии назорати гумрукӣ ва содагардонии расмиёти савдо равона шудаанд.

Зимни боздид аз ширкати Codici иштирокчиён бо имкониятҳои истифодаи зеҳни сунъӣ барои автоматикунонии таснифоти молҳо мутобиқи Низоми ҳамоҳангшудаи тавсиф ва рамзгузории молҳо (HS) ва дастгирии равандҳои барасмиятдарории гумрукӣ шинос шуданд.

Ҳамзамон  дар Маъмурияти гумруки Нидерландия масъалаҳои татбиқи стратегияи рақамӣ, идоракунии таваккалҳо, истифодаи маълумот ҳангоми қабули қарорҳо ва ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ дар назорати гумрукӣ мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.

Дар Бандари Роттердам иштирокчиён бо  системаҳои муосири сканкунии контейнерҳо, терминали санҷишӣ ва маркази омӯзиши амалӣ шинос шуданд. Дар Донишгоҳи технологии Делфт (TU Delft)  масъалаҳои таҳлили маълумот, мубодилаи иттилоот, шаффофияти занҷираи таъминот, амнияти долонҳои савдо ва рушди низоми гумруки сабз баррасӣ шуданд.

Дар доираи вохӯриҳо ва муҳокимаҳои минтақавӣ намояндагони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ таҷрибаи худро мубодила намуда, сатҳи рақамикунонии мақомоти гумруки кишварҳои худро муаррифӣ карданд. Ҳамчунин, имкониятҳои мутобиқсозии таҷрибаи пешқадами омӯхташуда ба шароити фаъолияти мақомоти гумруки ҳар як кишвар баррасӣ гардиданд.

Донишу таҷрибаи бадастомада барои таҳкими иқтидори рақамии Хадамоти гумруки Тоҷикистон, такмили низоми идоракунии таваккалҳо, автоматикунонии равандҳои корӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ аҳамияти амалӣ дорад. Инчунин  мавод ва роҳи ҳали омӯхташуда метавонанд дар ташкили курсҳои такмили ихтисос ва баланд бардоштани малакаи касбии кормандони мақомоти гумрук истифода шаванд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Октябрь 27, 2026 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст