ДАВОМОТИ ТАҲСИЛ ВА ҚОИДАҲОИ ИШТИРОК ДАР ДАРС РИОЯ МЕГАРДАНД? Шарҳи масъулини Раёсати ВКД дар ин маврид
ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бо вуҷуди баргузории чорабиниҳои зиёди мақсаднок баҳри пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ миёни донишҷӯён ҳанӯз ҳам ҳолатҳои вайрон намудани талаботи таҳсил дар бархе муассисаҳои олии таълимиву касбӣ ба чашм мерасанд. Аз ин рӯ масъулини шуъбаи ҷавонони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ пайваста дар тамоми макотиби олии мамлакат бо донишҷӯён вохӯриву суҳбатҳои судманд анҷом медиҳанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мулоқоти мақсаднок дар Донишгоҳи давлатии Данғара
Ба иттилои нозири калони гурӯҳи матбуотии РОПҲНҶ ВКД ҶТ Абдулло Шоҳиён, чорабинии мақсадноке, ки дар Донишгоҳи давлатии Данғара гузаронида шуд, нишон дод, ки давомоти таҳсил ва қоидаҳои иштирок дар дарс, инчунин тарзи либоспӯшии донишҷӯёни ин мактаби олӣ ба талабот ҷавобгӯ мебошад.
Дар суҳбат бо маъмурияти донишгоҳи мазкур оид ба масъалаҳои вобаста ба оқибати кӯтоҳандешии баъзе ҷавонон, сабабу омилҳои ба сафи ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ пайвастани онҳо, хатари терроризму экстремизм дар замони имрӯз ва паҳншавии бемориҳои сироятӣ изҳори назар карда шуд.
Ба вазъи ҷинояткорӣ миёни ҷавонон, аз ҷумла донишҷӯён, масъалаи таълиму тарбия ва сатҳи маърифату фарҳанги ҳуқуқии онҳо дахолат намуда, зикр карда шуд, ки ҷавонон бояд аз ҳар лаҳзаи донишҷӯӣ самаранок истифода бурда, кӯшиш ба харҷ диҳанд, то илмҳои замон ва забонҳои хориҷиро аз худ намоянд.
Маъмурияти донишгоҳи мазкур бояд дар робитаи зич бо волидони донишҷӯён қарор дошта, дар ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар идораҳои дахлдор пеши роҳи ҳама гуна амалҳои хилофи қонун гирифта шавад.
Зимни ин чорабинии мақсаднок ва вохӯрӣ бо донишҷӯёни донишгоҳи мазкур кормандони милитсия оид ба паҳлуҳои гуногуни қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои марбутаи соҳаи маориф ва касбомӯзӣ андешаронӣ карда, изҳор намуданд, ки амалисозии талаботи ин қонунҳо боиси боз ҳам беҳтар гардидани шароити таълиму тарбия дар мактабҳои олӣ ва ҳам дониши донишҷӯён мешавад.
Донишгоҳи давлатии Данғара аз ҷумлаи мактабҳои олии навтаъсиси кишвар мебошад, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013 дар заминаи филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара таъсис дода шудааст.
Баҳои Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон — намунавӣ
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, воқеъ дар ноҳияи Данғара зимни вохӯрии кормандони милитсия бо маъмурият ва донишҷӯён масъалаҳои пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм ва андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати тақвият додани таъмини бехатарӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳангоми гузаронидани чорабинии мақсаднок ҳолатҳои ба дарс омадани донишҷӯён, роҳ надодан ба истифодаи телефонҳои мобиливу мошинҳои шахсӣ аз ҷониби донишҷӯён, риояи тартибу интизом ва қоидаҳои таҳсилу либоспӯшӣ дар донишгоҳ санҷида шуданд.
Сипас, дар вохӯрӣ бо роҳбарият ва ҳайати устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон кормандони шуъбаи ҷавонони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД иштирок намуда, бобати мавзӯъҳои доғи рӯз ибрози андеша карданд.
Дар ҷамъомад кормандони милитсия доир ба масъалаҳои пешгирии ҳолатҳои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ, риоя кардани тамоми қоидаҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла тозагиву гигиенаи шахсӣ зикр карданд, ки ҷавонон, пеш аз ҳама, донишҷӯён бояд дар омӯзиши илм ва аз худ намудани донишҳои замонавӣ ҳисси баланди масъулиятшиносӣ зоҳир намуда, кӯшиш намоянд, ки тамоми талаботи таҳсил дар муассисаҳои олии таълимиро иҷро кунанд.
Зикр гардид, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвар, аз ҷумла дар ноҳияи Данғара корҳои ободонӣ вусъати тоза пайдо карда, симои марказу деҳоти ноҳия торафт дигаргун шуда истодааст. Ва мояи ифтихор аст, ки дар чунин корҳои ободонию созандагӣ ҷавонони кишвар саҳми назаррас доранд.
Ин донишгоҳ яке аз муассисаҳои навтаъсиси ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Бо шарофати саъю кӯшиши маъмурияти донишгоҳ қоидаҳои таълиму тадрис дар ин муассисаи таҳсилоти олии касбӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, қоидаҳои талаботи таҳсил дар мактабҳои олии кишвар дар ин ҷо риояву иҷро мешаванд.
Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон ҳам аз ҷиҳати сифати таълиму тарбия, дониши донишҷӯён ва ҳам аз ҷиҳати риояи талаботи марбутаи соҳаҳои маорифу тандурустӣ намунавӣ мебошад. Воқеан, намуди зоҳирии донишҷӯёни ин донишгоҳ, риояи қоидаҳои либоспӯшӣ ва иштироки онҳо дар дарсҳо шоистаи таҳсин аст. Ҳамчунин тозаву озода будани саҳни донишгоҳ ва бо овезаҳои гуногун оро додани дохили бинои он ба он ҳусни дигар зам намудааст.
Дар Коллеҷи тиббии Кӯлоб ҳолатҳои вайронкунии талаботи таҳсил ба қайд гирифта шуданд
Зимни чорабинии санҷишӣ-пешгирикунандае, ки кормандони шуъбаи ҷавонони Раёсати огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунии ноболиғону ҷавонони (РОПҲНҶ) ВКД дар ҳудуди Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб гузарониданд, баъзе ҳолатҳои вайрон намудани талаботи таҳсил ба қайд гирифта шуд.
Зимни чорабинии мақсаднок кормандони милитсия ҳолатҳои аз тарафи баъзе донишҷӯёни коллеҷ вайрон намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва дигар санадҳои марбутаи соҳаро ба қайд гирифтанд. Зикр шуд, ки онҳо бо сарулибоси ғайритавсиявӣ ба дарсҳо ҳозир гардида будаанд.
Дар вохӯрие, ки пас аз гузаронидани чорабинии мақсаднок дар коллеҷи мазкур сурат гирифт, кормандони милитсия бо устодону донишҷӯён вобаста ба рафъи камбудиҳои ҷойдошта, риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, ҳифзи саломатӣ ва пешгирии бемориҳои сироятӣ табодули афкор намуданд.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКСҲО: Вазорати корҳои дохилии ҶТ