ЭҲТИЁТ КУНЕД! Истифодаи маҳсулоти нодуруст ва дар шароити хона консервашуда хатари гирифторӣ ба ботулизмро афзун месозад

Ноябрь 10, 2021 14:14

ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 8 ноябр 9 нафар сокини ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон бар асари  заҳролудшавӣ аз  хӯриши хонагии «зверобой» дар  беморхонаи касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоб бо нишонаҳои бемории ботулизм  бистарӣ карда шуданд. Ҳоло вазъи саломатии заҳролудшудагон хуб буда, онҳо таҳти назорати духтурон қарор доранд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вобаста ба ин навъи  беморӣ мудири бахши гигиенаи хӯроквории Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ноҳияи Сино Муҳиддин Гулаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз дошт, ки ботулизм бемории хатарнок буда, ба марги инсон оварда мерасонад. Ҳангоми ба ин беморӣ гирифтор шудан ба системаи асаб таъсири манфӣ расида, қобилияти биноӣ, нутқ, фурӯбарӣ ва дигар узвҳои нафаскашӣ халалдор мегардад.

«Истифодаи маҳсулоти нодуруст  ва дар шароити хона консервашуда, риоя нагардидани шароити нигоҳдории он хатари гирифторӣ ба бемории ботулизмро зиёд мекунад. Маҳсулоти гӯштии сироятёфта низ метавонад сарчашмаи пайдоиши бемории ботулизм гардад. Беш аз ҳама ботулизми ғизоӣ ҳангоми истеъмоли хӯришҳои консервашуда аз маҳсулоти сабзавотии туршиашон паст, аз қабили помидор, бодиринг, боимҷон, лаблабу, нахӯди сабз ва занбӯруғҳо, ки нокифоя пухта ва тамиз карда шудаанд, мушоҳида мегардад. Ҳоло хуруҷи ботулизми ғизогӣ  бештар ба қайд гирафта мешавад», — гуфт Муҳиддин Гулаев.

Ҳамчунин мавсуф афзуд, ки ботулизм заҳролудшавиест, ки аз нейротаксини боқувват токсини ботулинӣ ба амал меояд.

Токсини ботулинӣ ба бадани одам тавассути ғизои сироятёфта меафтад. Бемории ботулизм аз одам ба одам намегузарад.

Токсини ботулизм аз ҳама боқуваттарин дар байни токсинҳои бактериалӣ  буда, барои одам 1 микрограми (0,001 мкг) он  марговар маҳсуб мешавад.

Аломатҳои ботулизм одатан давоми 12-36 соат пас аз истеъмоли ғизои токсиндор пайдо мешаванд, вале ҳолатҳое ҳам ба назар мерасанд, ки аломатҳо пас аз 4 соат ё 8 рӯзи пас аз  сироятшавӣ  пайдо гардидаанд.

Аломатҳои аввалини  ботулизм хастагӣ, бемадорӣ, сарчархзанӣ, дилбеҳузурӣ, дарди сар, тирашавии пеши чашмон, хушкшавии даҳон, душворшавии фурӯбарӣ, сухангӯӣ ва фалаҷшавии мушакҳо мебошад.

Вобаста ба дараҷаи хуруҷи беморӣ  мумкин аст, ки беқувватӣ  дар гардан пайдо шуда, баъдан мушакҳои узвҳои нафаскашӣ  ва мушакҳои қисмати поёнии бадан осеб бинанд. Фалаҷ метавонад аз душвории нафаскашӣ  то ба фавти бемор оварда расонад.

Аз ин рӯ тавсия дода мешавад, ки бояд  шаҳрвандон пеш аз истеъмоли консерваҳои дар шароити хона тайёр кардашуда ва ё маҳсулоти дудпази консерваҳои гӯштӣ, моҳӣ ва сабзавотӣ, инчунин ҳасибҳо ба онҳо диққати ҷиддӣ диҳанд. Консерваҳои сарпӯшашон дамида ва зангзадаро истеъмол нанамоянд. Пеш аз харидории консерваҳои тайёр ба он  аҳамияти ҷиддӣ бояд дод.

Ҳангоми ба ботулизм гирифтор шудан то расидани корманди тиб даруни  беморро бо маҳлули 5% содаи хӯрокӣ шустан лозим аст, то ки заҳрҳои меъда ба берун бароварда шаванд. Зеро ин амал таъсири моддаҳои заҳрогинро дар  бадан суст мекунад. Бо вуҷуди ин бояд ёрии таъҷилиро даъват кард, чунки  заҳрнокии шадид сабаби фалаҷ шудани роҳҳои нафас шуда, шахси заҳролудшударо ба ҳалокат мерасонад.

Барои пешгирӣ аз бемории ботулизм дар шароити хона консервакунонии маҳсулоти моҳӣ, замбурӯғ, гӯшт ва кабудиҳо, ки хатари зиёд доранд, маслиҳат дода намешавад.

Бояд пеш аз консервакунонӣ маҳсулотро  тоза шуста, ба муддати  15 — 20 дақиқа ҷӯшонид. Инчунин барои омода намудани  консерва бояд танҳо маҳсулоти тару тоза ва бе ягон иллат интихоб карда шавад.

 

Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Ноябрь 10, 2021 14:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Кумаки башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми аз обхезиҳои шадид зарадидаи Қазоқистон ба роҳ баромад
Намояндагони Тоҷикистон дар Форуми ташкилоти кор бо ҷавонони аъзои ИДМ дар шаҳри Тошканд иштирок намуданд
Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон бо ташкилоти байналмилалии соҳавӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Имрӯз дар Душанбе бо иштироки меҳмонон аз Узбекистон Озмуни ҷумҳуриявии «Кадбонуи беҳтарин» ҷамъбаст гардид
Ҳайати намояндагӣ-занони роҳбари воҳидҳои сохтории Ҷумҳурии Узбекистон ба Тоҷикистон омад
МАРОТИБАИ АВВАЛ. Табибони тоҷик усули нави ҷарроҳӣ дар самти табобати сурхрӯда ва меъдаро амалӣ намуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
Дар шаҳри Кӯлоб омодагии мудофиаи ҳудудӣ ва захираҳои сафарбарӣ мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор гирифт
ҲАҶ ФАРЗ АСТ Ё ХУДНАМОЙИИ ҲОҶИЁН? Агар зоирон нисфи хароҷоти исрофкоронаашонро барои бунёди пул, ҳаммом, кандани ҷӯй сарф менамуданд, аҷру савоби бештар мегирифтанд
Дар шаҳри Хуҷанд клиникаи муосири оилавии муосири 1+1 ифтитоҳ гардид
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳо оид ба моҳияти фалсафии он