Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалии физика дар Узбекистон соҳиби ҷойи сеюм шуданд

Ноябрь 15, 2021 13:51

ДУШАНБЕ, 15.11.2021. АМИТ «Ховар»/.  8 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олимпиадаи 1-уми байналмилалии  «Ал-Фарғонӣ» аз фанни физика, ки дар шаҳри Фарғонаи Узбекистон баргузор гардид, сазовори 7 ҷойи ифтихорӣ гардиданд, иттилоъ доданд аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар».

Дар олимпиада, ки аз 7 то 12 ноябр баргузор гардид,  хонандагони муасисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии мамлакат маҳорати баланд нишон дода, 7 ҷойи  ифтихорӣ ба даст оварданд. Онҳо 1 медали тилло, 2 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гирифта, миёни кишварҳои иштирокчӣ- пас аз давлатҳои Русия ва Қазоқистон мақоми 3-юмро соҳиб гардиданд

Дар Олимпиадаи байналмилалии «Ал-Фарғонӣ» хонандагон аз Русия, Беларус, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Туркманистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Уммон, Туркия, Қатар, Миср, Кувайт, Ливия, Малайзия, Нигерия, Сенегал ва Тайланд иштирок намуданд.

Олимпиада миёни хонандагони синфҳои 5-11 баргузор гашта, аз ҳар давлат 2 даста иборат аз 8 хонанда ва 4 роҳбар иштирок намуданд.

Ёдовар мешавем, ки қаблан 39 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе дар Олимпиадаи байналмилалии Анталия, ки аз 31 октябр то 7 ноябр дар Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Дар ин олимпиада хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе аз фанҳои математика, забони русӣ, забони англисӣ, география, химия ва биология ширкат варзида,  10 нафар сазовори ҷойи якум, 12 нафар- ҷойи дуюм ва 17 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

АКС: Вазорати маориф ва илми ҶТ

Ноябрь 15, 2021 13:51

Хабарҳои дигари ин бахш

DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар хоҷагиҳои шаҳри Ҳисор ҷамъоварии ҳосили пахта оғоз гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ин давра соҳаи обуҳавошиносӣ марҳила ба марҳила рушд намуд
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Аз дастовардҳои созанда то иқтисоди рақамӣ ва инноватсия
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд