Иҷрокунандаи вазифаи Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ доир намуд

Ноябрь 29, 2021 12:38

ДУШАНБЕ, 29.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа муовини якум ва муовинони Раиси вилоят, роҳбари дастгоҳ, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи Раиси ВМКБ ва роҳбарони идораву муассисаҳои вилоятӣ иштирок намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Раиси ВМКБ Ғолибшо Ниятбеков хабар дод.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот оиди супоришҳои протоколии ҷаласаи ҳафтаи гузашта аз масъулин пурсон шуда, ҷиҳати сари вақт ва сифатнок иҷро шудани онҳо дастурҳои зарурӣ дод. Ҳамчунин, и.в. Раиси вилоят вобаста ба вазъияти рӯзҳои охир дар шаҳри Хоруғ рухдода сухан намуда, иброз дошт, ки ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ ва ахбороти беасос набояд бовар кард. Махсусан, хизматчиёни давлатиро зарур аст, ки ба ҳамин гуна иғвоҳо ҷавоби сазовор дода, дар доираи қонунгузории кишвар фаъолияти худро ба роҳ монда, бобати амалӣ намудани нақшаҳои фаъолият, ки ба созандагию бунёдкорӣ нигаронида шудаанд, саъю кӯшиш намоянд.

Инчунин, дар ҷаласа масъалаҳои дигари хоҷагии халқ, аз ҷумла, омода намудани муассисаҳои давлатӣ ва иҷтимоӣ ба зимистони дарпешистода, захира намудани маводи ғизоӣ маҳсулоти кишоварзӣ ва сӯзишворӣ ва дар ҳолати корӣ нигоҳ доштани техникаи роҳтозакунӣ дар роҳҳои вилоят, муътадил нигоҳ доштани нархи маҳсулот дар бозор мавриди таҳлил қарор гирифта, масъулин вазифадор шуданд, ки ба ин масъалаҳо диққати ҷиддӣ равона намоянд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят оиди масъалаи зимистонгузаронӣ иброз дошт, ки ҳангоми сафари корӣ ба ноҳияи Мурғоб баъзе камбудиҳои ҷойдошта, аз он ҷумла, дар муассисаҳои таълимӣ, ба назар расиданд. Бинобар ин, ба муовинони Раиси вилоят ва масъулини соҳаи маорифи вилоят супориш дода шуд, ки масъалаи зимистонгузарониро дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар биноҳои таъминоти иҷтимоӣ зери назорат гирифта, оиди бартараф намудани норасоиҳо чораандешӣ намуда, аз иҷрои корҳо ба Раиси вилоят гузориш пешниҳод намоянд.

Масъалаҳои дигари мубрами фаъолияти корӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, оиди амалӣ гаштани онҳо супоришҳои қатъӣ дода шуданд.

                                                                                   АКС аз бойгонӣ

Ноябрь 29, 2021 12:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбиро 100 фоиз иҷро намуд
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 фоиз иҷро гардид
Машварати понздаҳуми Шурои марказии Ҷамъияти ихтиёрии мусоидат ба артиш, авиатсия ва флоти ИДМ доир шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ҳушдор медиҳад, ки ҳангоми истифодаи хизматрасонии бонкии рақамӣ эҳтиёткор бошед
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд