ҶИУҶИТСУ. Варзишгарони тоҷик аз чемпинати ҷаҳон оид ба ин намуди варзиш бо 6 медал баргаштанд
ДУШАНБЕ, 17.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Абузабии Аморати Муттаҳидаи Араб Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷиуҷитсу миёни наврасону ҷавонон баргузор шуд, ки дар он варзишгарони тоҷик 6 медал ба даст оварданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чемпионат, ки аз рӯи се синну сол – наврасони то 16-сола, ҷавонони то 18-сола ва то 21-сола, ҳамчунин миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд сурат гирифт, 1263 варзишгар аз 60 давлат ширкат карданд.
Аз ҷумла, дастаи мунтахаби ҷиуҷитсуи Тоҷикистон дар ҳайати 13 варзишгар дар ин мусобиқа ширкат карда, 6 медал – 1 тилло, 2 нуқра, 3 биринҷӣ – ба даст овард.
Медали тиллоро Муҳаммадсолеҳ Баротов дар вазни -50кг миёни наврасони то 16-сола соҳиб шуд. Дар ин синну сол Фотимахон Гадоева дар вазни -48кг медали нуқра ба даст овард. Медали дуюми нуқраро Абдуманнон Раҳимов дар вазни -77кг миёни варзишгарони имконияташон маҳдуд соҳиб шуд.
Мансур Сабуров дар вазни -38кг миёни наврасони то 16-сола, Файзалӣ Мирзоев дар вазни -50кг ва Суннатулло Набиев дар вазни +81кг миёни ҷавонони то 18-сола ба гирифтани медали биринҷӣ шарафёб шуданд.
АКС: КМО Тоҷикистон








Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд
Дастаи миллии Тоҷикистон оид ба футзал бо дастаи мунтахаби Узбекистон бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Мусобиқаи кушод оид ба гӯштини тарзи озод байни наврасон оғоз гардид
Наврасони Тоҷикистон баъди ғалаба дар дивизиони «D» дар Боку ба Ватан баргаштанд
Президенти Кумитаи паралимпии Осиё ба натиҷаи иштироки дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои паралимпии Осиё баҳои баланд дод
Дар деҳаи Варзоб — Қалъаи ноҳияи Варзоб майдончаи варзишӣ ба истифода дода шуд






