«КОНСТИТУТСИЯ – ҚОНУНИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади меъёрию ҳуқуқӣ эътибори олии ҳуқуқӣ дошта, арзиши олии миллат ба ҳисоб меравад. Мувофиқи ин қонун давлат ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрвандонро эътироф, риоя ва ҳифз менамояд. Нақши таърихии Конститутсия, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки аз солҳои аввали истиқлолият мардуми Тоҷикистон ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ сарнавишти худро маҳз тибқи муқаррароти ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз муайян намуда, самтҳои тараққиёти ҳамаи соҳаҳои зиндагиашро мушаххас гардонид. Чунин иброз дошт директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода зимни ифтитоҳи ҳамоиши илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Конститутсия –қонуни сарнавиштсози миллат», ки 4 ноябр дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев хабар дод.
Аҳлиддин Ибодуллозода зикр дошт, ки дар экспозитсияи Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар гӯшаи алоҳида Конститутсия ба таври доимӣ гузошта шуда, дар он маълумот доир ба ин ҳуҷҷати тақдирсоз, зарурати қабули он, давраҳои таърихии ворид намудани тағйиру иловаҳо ва аҳамияти таърихию иҷтимоии он муаррифӣ мегарданд, ки гӯшаи мазкур дар баланд бардоштани маърифати таърихӣ ва ҳуқуқии насли ҷавон ва ҷомеа нақши хеле бузург дорад.
Дар ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Зиёӣ доир ба «Нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули мафкураи миллӣ», муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Равшани Махсумзод «Оид ба пайдоиш ва таърихи эъломияи Куруши Кабир», мудири кафедраи ҳуқуқи соҳибкорӣ ва тиҷорати факултети ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Дониёр Сангинов дар мавзӯи «Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-санади рушдбахшандаи соҳаҳои хоҷагии халқ» маърӯза намуданд.
Аз ҷониби иштирокдорон зикр шуд, ки қабули Конститутсия имконият дод дар мамлакат сулҳу субот барқарор шуда, ҳаёти ҷомеа ба маҷрои осоишта равона карда шавад, қонунияту тартибот барқарору ҳукмрон гардад ва дар ин замина барои рушди соҳаҳои иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва фарҳангу маънавиёт шароити мусоид ба вуҷуд оварда шавад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ мизи гирд баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар минтақаи доманакӯҳии атрофи маҳаллаи Зарафшон ниҳолҳои мевадиҳанда шинонида шуданд
«ҲАР ОН КАС, КИ «ШОҲНОМА»-ХОНӢ КУНАД…». Дар Осорхонаи миллӣ маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳамёни рақамӣ дар «МегаФон Life» боз ҳам мувофиқтар шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ноҳияи Роштқалъа корҳои биотехникӣ идома доранд
Дар Ҳисор муоинаи техникаҳои кишоварзӣ ва омодагии онҳо ба мавсими кишт гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад






