КОНСТИТУТСИЯ — РОҲ БА СӮЙИ ОЯНДАИ МУНАВВАР. Маҳз тавассути он СММ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба ҳайси субъекти фаъоли ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф менамоянд

Ноябрь 4, 2021 09:11

ДУШАНБЕ, 04.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бисту ҳафт соли амали Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намуд, ки шакли идораи давлату давлатдории тоҷикон аниқу дақиқ интихоб шудааст. Маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол  аст, ки Созмони Милали Муттаҳид ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ватани азизи моро ба ҳайси субъекти фаъоли ҳуқуқи байналмилалӣ эътироф  менамоянд.

Агар ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишвар зарурати қабули Конститутсияро ба миён гузошта бошад, қабули он барои бунёди давлати соҳибистиқлол заминаи устувор фароҳам овард ва дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ, аркони давлатдорӣ нақши муҳим бозид. Конститутсияи Тоҷикистон ҳуҷҷати таърихиест, ки ҳамчун сарчашмаи ташаккули низоми нави қонунгузорӣ иштироки озодонаву васеи шаҳрвандонро дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии мамлакат ва идораи давлат таъмин намуд. Бо мақсади таъмини сулҳу оромӣ, ваҳдату ягонагӣ дар он дарҷ гардид, ки Тоҷикистон ҳамеша сиёсати сулҳҷӯёнаро дар амал татбиқ менамояд.

Чунин шарҳ додааст мафҳуму моҳияти Конститутсияи Тоҷикистонро сардори Раёсати таъминоти иттилоотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зубайдулло ДАВЛАТОВ зимни нигоштае, ки онро ба  АМИТ “Ховар” пешниҳод намудааст.

Таърихи Конститутсия ҳазорсолаҳоро дар бар мегирад. Ҳанӯз дар аҳди Рими қадим шоҳон санадҳои муҳими ба танзим дароварандаи  ба сохтори давлатӣ алоқамандро Конститутсия мегуфтанд. Он бо шаклу мазмун ва фаҳмиши имрӯзааш беш аз дусад сол боз амал карда истодааст. Аз ин рӯ, дар як давлат якчанд Конститутсия (Қонуни асосӣ) амал мекард. Конститутсия дар шакли Қонуни асосии давлат дар замони ба сари ҳокимият омадани синфи буржуазия арзи вуҷуд намуд. Одатан Конститутсияи соли 1871 мелодии ИМА ба  ҳайси нахустин Сарқонун дар ҷаҳони мутамаддин эътироф гардидааст.

Бояд тазаккур дод, ки Конститутсия барои давлат ҳамчун Қонуни асосӣ хизмат карда,  аз дигар қонунҳо бо хусусиятҳои худ фарқ мекунад. Ин Қонуни асосии давлат, пеш аз ҳама,  муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим медарорад, дорои қувваи баланди ҳуқуқӣ мебошад, асоси сохтори конститутсиониро муайян менамояд, меъёрҳои он бевосита амал менамоянд. Чунин хусусиятро дигар санадҳои ҳуқуқӣ надоранд.

Конститутсия ба сифати Қонуни асосии давлат якчанд  вазифаҳоро низ иҷро менамояд:

  • Вазифаи муассисӣ. Ҳаёти ҷамъиятӣ ҳамеша дар ҳоли ташаккул ва дигаргунист. Он ҳамин таҳаввулотро ба сифати меъёрҳои ҳуқуқӣ дар худ таҷассум намуда, заминаи ҳуқуқию сиёсии зинаи дигари ҷомеаро муайян менамояд.
  • Вазифаи ташкилӣ. Зоҳирёбии ин вазифа дар он ифода меёбад, ки натиҷаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар худ дарҷ намуда, назди давлат вазифагузорӣ намуда, фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро ба танзим медарорад.
  • Вазифаи сиёсӣ. Конститутсия таҳкурсии мустаҳками фаъолияти сиёсии хориҷии давлат ба шумор меравад.
  • Вазифаи мафкуравӣ. Маҳз Конститутсия ҳамчун мафкураи ҳукмрон ё муайянкунанда мафкураи сиёсиро муқаррар мекунад.
  • Вазифаи ҳуқуқӣ. Конститутсия барои низоми ҳуқуқӣ ва тартиботи ҳуқуқӣ асос мегардад. Он бевосита муносибатҳои ҷамъиятиро танзим намуда, барои қабули дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун сарчашма хизмат менамояд.

Баъди Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардани Тоҷикистон асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа дигар шуданд. Давлати нави соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона арзи ҳастӣ намуд. Муносибатҳои нави ҷамъиятӣ ва иқтисоди бозаргонӣ зарурати такмил додани низоми қонунгузории кишварро ба миён гузошт. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дарназардошти зарурати таҳия ва қабули Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 декабри соли 1992 чунин гуфта буданд: «Асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро нав карда, онро бо дарназардошти меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ такмил дода, барои бунёди давлати нав–давлати демократии ҳуқуқбунёд замина гузоштан лозим аст”.

Аслан таҳия, муҳокима ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони  соҳибистиқлол баъди анҷоми Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Соли 1993 дар Иҷлосияи XVII Шӯрои Олӣ ҳайати нави Комиссияи конститутсионӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарии  он ба зиммаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Ниҳоят лоиҳаи Конститутсия ба муҳокимаи умум пешниҳод гардид ва ба он аз ҷониби шаҳрвандон зиёда аз ҳаштуним ҳазор таклифу дархостҳо пешниҳод гардида, ҳамаи онҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Иҷлосияи XIX Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 июли соли 1994 аз ҷумла гуфта буданд: «Дар тӯли зиёда аз ду моҳи муҳокимаи лоиҳа бештар аз 8,5 ҳазор пешниҳод аз ҷониби мардуми кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон ба Шӯрои Олӣ ворид шуд… Онро кулли ҳамватанони мо дар шаҳру деҳоти Тоҷикистон ва берун аз он мавриди муҳокима қарор дода, такмилу пурра карданд». Баъд аз муҳокимаи умумихалқӣ Комиссияи конститутсионӣ лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба раъйпурсии ҳамагонӣ тавсия намуд. Худи ҳамин рӯз (20.07.1994 ) Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби қабул ва мавриди амал қарор додани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол 6 ноябри соли 1994 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Натиҷаи расмии раъйпурсӣ чунин буд: дар 64 ҳавзаи овоздиҳӣ 2685724 шаҳрванд ба рӯйхат гирифта шуда, дар раъйпурсӣ 2535437 нафар  94,4% ширкат варзиданд. Ба тарафдории Конститутсия 2352554 нафар, ё ки 87,59%, ба муқобили Конститутсия 105300 нафар ё ки 3,92% овоз доданд. Бо ҳамин натиҷа Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 маъқул дониста шуда, ба амал даромад.  Аксари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон- 87 дарсади он лоиҳаи Конститутсияро дастгирӣ намуданд.

Табиист, ки вобаста ба давраҳои муайяни рушди ҷомеа Конститутсия, меъёрҳои он ва дигар санадҳои қонунгузорӣ ба такмил эҳтиёҷ пайдо мекунанд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳаи охири асри бист гузариш аз сохти сотсиалистӣ  ба сохти ҷамъиятии бозаргонӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин хусусан ба Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии давлат ва ҷомеае иртибот мегирад, ки дар марҳалаи гузариш аз як сохт ба сохти дигар ва рушду такомул қарор дорад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят калони таърихӣ дорад. Бори аввал ғояи ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияро ташкил медод. Конститутсия санади муқаддасест, ки тақдири миллат ва давлатро муайян намуда, роҳ ба сӯйи ояндаи онҳоро мунаввар месозад. Такмили Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба он ворид намудани тағйиру иловаҳо тақозои давраҳои муайяни пешрафти ҷомеа мебошад. Таърихи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули панҷ Конститутсия (1929, 1931, 1937, 1978, 1994) -ро дар ёд дорад. Ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол се маротиба- солҳои 1999, 2003, 2016 тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Дар Конститутсияи ҷумҳурӣ мавқеи асосиро ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ташкил медиҳад. 34 моддаи он ва ё аз се як ҳиссаи Конститутсия ба ин мавзўъ бахшида шудаанд. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид гардиданд, он такмил ёфт ва пурратар гашт, хосса моддаи панҷуми он ҷиддан тағйир ёфт ва мувофиқи ин тағйирот инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои он арзиши олӣ эътироф карда шуданд. Ва дарвоқеъ, меъёрҳои мутазаккира ифодагари мазмуну моҳияти ҷомеаи шаҳрвандӣ ва меҳвари асосии Конститутсияи кишвар ба шумор мераванд

Бори аввал дар таърихи давлатдории миллати тоҷик матни Конститутсия ба забони давлатӣ омода шуда буд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ниҳоят бузурги таърихӣ дорад. Бори аввал буд, ки ғояи ҷомеаи ҳуқуқбунёди демократӣ асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медод.

Мувофиқи моддаи якуми Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, ҳаёти арзанда ва рушди озоди инсонро таъмин менамояд. Тӯли таърихи бисёрҳазорсолаи давлатдории тоҷикон бори аввал дар Конститутсия халқ ҳамчун василаи истиқлолият ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита, инчунин ба воситаи намояндагони худ амалӣ мегардонад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қувваи олии ҳуқуқӣ дошта, меъёрҳои он бевосита амал менамоянд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки ба меъёрҳои Конститутсия мухолифанд, қуввати ҳуқуқӣ надоранд.

Дар Конститутсияи Тоҷикистон ба муносибати шахс ба давлат диққати махсус дода шудааст. Ба ҳимояи ҳуқуқҳои инсон афзалият дода, масъулияти давлатро дар назди ҷомеа ва шаҳрванд баланд бардошта, Конститутсия ҳаёт, шараф ва номусу дигар ҳуқуқҳои табиии инсонро дар доираи меъёрҳои ҳуқуқ мустаҳкам намуда, онҳоро ҳифз менамояд. Бори аввал дар таърихи кишварамон ба меъёрҳои Конститутсия амали мустақим дода шуд. Яъне ҳар шахс метавонад ҳуқуқҳои худро бо такя ба меъёрҳои конститутсионӣ ҳимоя намояд. Аз ин рӯ, мақомоти судӣ ва дигар сохторҳои ҳокимияти давлатӣ бояд, пеш аз ҳама, меъёрҳои Қонуни асосиро дастури амал қарор диҳанд, зеро Конститутсия дорои эътибори олии ҳуқуқӣ буда, дигар санадҳои қонунгузорӣ бояд ба он мутобиқ бошанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол дастоварди бузурги халқ дар роҳи давлатсозию давлатдории навин ба шумор рафта, барои пойдории сулҳу суботи комил, ваҳдати миллӣ ва ташаккули ниҳодҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишварамон нақши пурарзиш дорад ва дар заминаи он сатҳи маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ баланд гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол Қонуни асосии ҷомеа мебошад, ки ин ба мақоми халқ ҳамчун сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ ва барандаи моҳияти иҷтимоии ҷомеа такя менамояд. Баъди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми рукнҳои давлат дар сатҳи зарурӣ ташаккул, такомул ва тақвият ёфта, ҳолати аслии пешрафти давлат ва самти ташаккули иҷтимоиву иқтисодӣ, ҷамъиятию сиёсӣ ва динию маънавии ҷомеа дар шароити муосир аниқ муайян гардид.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист ифодагари манфиатҳои халқ бошаду тоҷиконро дар арсаи олам муаррифӣ созад. Ин  санади тақдирсоз аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо номбар шудааст. Қабули он дар таърихи навини кишвар рӯйдоди сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувор гардид. Мувофиқи он озодии инсон ва шаҳрвандонро давлат риоя, эътироф ва ҳифз менамояд. Ҳуқуқу озодиҳои инсон аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад.

Бори нахуст Тоҷикистон дар сатҳи Конститутсия ба ҷомеаи ҷаҳон эълон дошт, ки халқи Тоҷикистон озодӣ ва ҳуқуқи шахсро арзиши олӣ шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дӯстии миллату халқиятҳоро эътироф мекунад ва ҷонибдори бунёди ҷомеаи адолатпарвар мебошад.

Имрӯз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои хусусиятҳое мебошад, ки барои бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд замина гузошта, таҳкиму такмили ниҳодҳои давлатию ҷамъиятиро таъмин менамояд. Ҷавҳари Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро арзишҳои миллӣ ва умумибашарии ҳуқуқӣ, аз қабили бори аввал дар сатҳи Конститутсия эътироф шудани забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ, арзиши олӣ эътироф шудани инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ (моддаи 5-уми Конститутсия), аввалин бор пешбинӣ шудани шакли идораи ҷумҳурии президентӣ, дар сатҳи Конститутсия амалӣ шудани усули таҷзияи ҳокимият, эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ, дар таърихи сиёсии кишвар бори аввал таъсис ёфтани Парлумони думаҷлисаи доимамалкунандаи касбӣ (боби 3, мод. 48-63), кафолати дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мавҷуд будани мақомоти худидоракунии маҳалӣ ташкил медиҳанд. Дар таърихи сиёсии кишвар бори нахуст аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулияти давлатро дар назди ҷомеа ва шаҳрванд пешбинӣ мекунад ва бо ин роҳ афзалияти ҳуқуқи инсонро сабт менамояд.

Ҳарчанд аз қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлол муддати зиёде нагузашта бошад ҳам, ниҳодҳои бунёдии демократӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди муътадил пайдо кардаанд. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсули рушди ҳуқуқу озодиҳои беш аз чандҳазорсола буда, ҳуқуқу озодиҳои ҷомеа ва дастовардҳои олимони соҳаи ҳуқуқро дар бар гирифтааст. Беҳуда нест, ки ин Конститутсия дар радифи 5 Конститутсияи беҳтарини Иттиҳоди Аврупо қарор дорад. Аслан Конститутсия ба ҳайси Қонуни асосии ҳар давлат ҳамтои ҳуқуқии худро надорад, зеро он сарчашмаи қонунҳо, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, дигар санадҳои ҳуқуқӣ бояд ба меъёрҳои он мувофиқу мутобиқ бошанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаҷман калон нест, аз 10 боб ва 100 модда иборат аст, аммо аз ҷиҳати дарбаргирии меъёрҳои ҳуқуқӣ, ҳуқуқу озодиҳо ва вазифаю уҳдадориҳои шаҳрвандон хеле комил аст. Он таҷрибаи аслҳову наслҳоро дар самти ҳуқуқэҷодкунӣ дар бар мегирад.

Имрӯз дар ҷаҳон таҷрибаи маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон дар ҳолатҳои муайян бо мақсади эҳтиром ва ҳимояи ҳуқуқҳои дигарон, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳифзи сохтори конститутсионӣ мумкин аст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати ҷорӣ кардани маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро дар шароити муайян бо мақсади нигоҳдории тартибот, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои одамон ва дигар арзишҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол эътироф менамояд. Аз ҷумла, дар қисми сеюми моддаи 14-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон, тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».

Конститутсия маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои мушаххасро низ пешбинӣ менамояд. Масалан, дар қисми 4-уми моддаи 27 омадааст: «Шахсоне, ки аз тарафи суд ғайри қобили амал дониста шудаанд ва ё мувофиқи ҳукми суд дар ҷойҳои аз озодӣ маҳрумшудагон нигоҳ дошта мешаванд, ҳуқуқи дар интихобот ва раъйпурсӣ иштирок кардан надоранд”.

Дар Конститутсия дигар нуктаҳое ҳастанд, ки ба асосҳои маҳдудсозии ҳуқуқу озодиҳои инсон бахшида шудаанд ва дар санадҳои алоҳидаи меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷассум ёфтаву мушаххас гардонида шудаанд. Масалан, бино ба қисми 5-уми моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ва фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки нажодпарастӣ, миллатгароӣ, хусумат, бадбинии иҷтимоӣ ва мазҳабиро тарғиб мекунанд ва ё барои бо зӯрӣ сарнагун кардани сохти конститутсионӣ  ва ташкили гурӯҳҳои мусаллаҳ даъват менамоянд, манъ аст. Дар ин ҳолат Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин амалҳоро манъ карда, барои барангехтани ҷанги миллӣ, нажодӣ, маҳаллӣ ё динӣ (моддаи 189), ғасби зӯроваронаи ҳокимият (моддаи 306), даъвати оммавӣ ба зӯроварона дигаргун сохтани сохти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаи 307) ҷазоҳо пешбинӣ менамояд.

Ҳуқуқу озодиҳои нисбиро дар асоси қонун метавон маҳдуд кард. Мувофиқи моддаи 22-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи дахлнопазирии манзилро таҳким мебахшад, ба ҷуз ҳолатҳои пешбиникардаи қонун ба манзил зада даромадани касе мумкин нест. Вале агар соҳиби манзил ҳуқуқҳои дигар одамонро  вайрон кунад, муоинаи манзил аз ҷониби намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, бозрасиҳои санитарию зидди сӯхтор мумкин аст.

Тибқи моддаи 29-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванд ҳақ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, иштирок намояд. Аммо иштирокдорони онҳо вазифадоранд, ки тартиботи ҷамъиятиро риоя кунанд. Барои навъҳои алоҳидаи ҳуқуқвайронкунӣ, масалан, ташкили бетартибиҳои оммавӣ, онҳо ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд. Барои ҳимояи сохти конститутсионӣ низ маҳдудият пешбинӣ шудаанд. Бино ба моддаи 7-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии ҷумҳуриро таъмин менамояд. Дар ин вазъият тарғиб ва амалиёти ҷудоиандозӣ, ки ягонагии давлатро халалдор мекунад, мамнӯъ аст.

                                                           Зубайдулло ДАВЛАТОВ,
                                      сардори Раёсати таъминоти иттилоотии
Маркази тадқиқоти стратегии
                                       назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Ноябрь 4, 2021 09:11

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Ҷойгоҳи паёмҳои Президенти Тоҷикистон дар таъсиси ниҳодҳои хос оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон назаррас аст
Расман ба Феҳристи репрезентативии мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардидани ҷашни Меҳргон ифтихор аст
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент