Корхонаи бузурги саноатии «Талко Голд» соли оянда ба фаъолият шурӯъ менамояд

Ноябрь 5, 2021 14:17

ДУШАНБЕ, 05.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2022  дар шимоли Тоҷикистон, аниқтараш дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ яке аз  корхонаҳои бузурги саноатӣ —  «Талко Голд», ки фаъолияташ ба истихроҷ, коркард – тозакунӣ ва истеҳсоли маъданҳои қиматбаҳо — тилло, нуқра, флюорит, симоб ва сурма нигаронида шудааст, пурра ба кор оғоз менамояд.

Бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти бузурги саноатии шимоли Тоҷикистон бо иқдоми  Корхонаи  воҳиди давлатии «Ширкати Алюминийи Тоҷик» — ТАЛКО барои намояндагони  воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон ба мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ пресс-тур ташкил карда шуд, ки дар он  хабарнигори АМИТ «Ховар» низ  ширкат намуд.   

Мавзеи Кончоч, ки дар он маҷмааи бузурги саноатӣ, аз ҷумла сохтмони корхонаи «Талко Голд» алҳол босуръат ҷараён дорад, дар байни кӯҳҳои Фон дар баландии беш аз 2000  метр аз сатҳи баҳр, дар масофаи тақрибан 10 км аз Искандаркӯл, дар водии фарох ҷойгир  аст.  Соли 2015  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи чораҳои  дастгирии  «КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» қарор қабул намуд, ки дар асоси он ба «ТАЛКО» иҷозатномаи  ҳуқуқи истифодабарии конҳои Кончоч дар ноҳияи Айнӣ дода шуд, ки он аз се  иншоот- кони «Чулбоӣ», «Кончоч»  ва «Шаҳкон» иборат буда, дар онҳо захираҳои фаровони маъданҳои қиматбаҳо, аз қабили тилло, нуқра, флюорит, симоб ва сурма мавҷуданд. Ҳадафи лоиҳа дар заминаи захираҳои  маъданҳои таҳқиқшуда, ки ба комплеки ягонаи  истеҳсолӣ муттаҳид карда шудааст,  ба вуҷуд овардани иқтидори бузурги саноатӣ, аз қабили сохтани конҳо-чоҳҳо, бунёди фабрикаи ғанигардонӣ бо ба кор андохтани   хатҳои алоҳидаи  истеҳсолии ғанӣ гардонидани маъданҳои қиматбаҳо, аз қабили тилло ва сурма, сохта ба истифода додани  комбинати металлургии истихроҷ- тозакунии  тилло, сурма, нуқра ва симоб  мебошад.

Ҷамъияти саҳомии  пӯшидаи «Талко Голд», ки  соли 2017 бо Қарори Ҳукумати  ҷумҳурӣ таъсис дода шуд,  бо гирифтани иҷозатнома ҳуқуқи истифодаи  гурӯҳи конҳои  «Кончоч» -ро ба даст овард. Саҳмдорони ширкат  КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ва ҷамъияти саҳомии «Tibet Huayu  Mining Co.,Ltd»  Чин буда, ҳар кадоми онҳо дорои 50 фоизӣ саҳмияҳои  сармояи  оиномавии   «Талко Голд»  мебошанд.

Хишти нахустини сохтмони маҷмааи саноатии «Талко Голд» дар мавзеи Кончочи ноҳияи Айнӣ   моҳи июни соли 2018 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар маросими расмӣ  гузошта шуда буд.

Татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ, яъне азхудкунии   гурӯҳи конҳои Кончоч, ки ба сохтмон ва ба истифода додани  маҷмааи саноатии  «Талко Голд» -конҳо, корхонаҳои коркард, инфрасохтор пешбинӣ шудааст, дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад. Тавре дар суҳбат ба хабарнигорон директори генералии  корхонаи саноатии «Талко Голд» Ли Фэн гуфт: «Ҳоло корҳо дар лоиҳаи  азхудкунии системаҳои кӯҳӣ –бунёди  инфрасохтори кушод ва сохтмони кони тиллои «Чулбоӣ» босуръат идома дошта, истихроҷи маъдан ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Инчунин корҳои зеризаминӣ ва сохтмони  инфрасохтор дар  кони тиллову сурмаи «Шаҳкон» ба анҷом расонида шуда,   сохтмони  фабрикаи ғанигардонӣ  бо иқтидори панҷ ҳазор тонна маъдан дар як шабонарӯз  бо коргоҳҳои истеҳсолии  майдакунӣ ва суфтакунии маъдан, флотатсия,  ғафс ва хушкнамоӣ ва дигар воҳидҳои сохторӣ  дар марҳилаи анҷомёбӣ буда, соли оянда ба истифода дода мешаванд. Иқтидори  солонаи коркарди маъдан дар корхонаи  ғанигардонӣ 750 ҳазор тонна, аз ҷумла коркарди   450 тонна маъдани тилло,   аз кони «Чулбоӣ» барои ба даст овардани маҳсулоти консентрати тилло, коркарди  300 ҳазор тонна маъдани сурма аз кони «Шаҳкон» ва истеҳсоли  маҳсулот –консентратҳои тилло, сурма ва  тиллову сулфур хоҳад буд.

Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки  70 фоизи  корҳои лоиҳаи сохтмони  анборҳои партовҳо иҷро гардида,  дар зарфи панҷ моҳи оянда  корҳо дар қитъаҳои  ёрирасони истеҳсолӣ, аз қабили низоми  гармидиҳии фабрика, сохтмони биноҳои дафтари корӣ,  хобгоҳ ва ошхона барои коргарон, бунёди бино ва васлу насби таҷҳизот  барои озмоишгоҳи кимёвӣ  ва дар маҷмӯъ бунёди ташкили инфрасохтори  таъминоти низоми маъмурии хоҷагӣ ба анҷом расонида мешаванд.

Зимни бунёди маҷмааи саноатии «Талко Голд»  дар мавзеи Кончоч ба масъалаи ҳифзи муҳити зист таваҷҷуҳи махсус дода шуда, ба масофаи 6 км канал бунёд гардидааст, ки тавассути он оби тозаи рӯди Кончоч бидуни ягон олудагӣ  ба Искандаркӯл мерезад. Инчунин дар масофаи 40 км хатти интиқоли неруи барқ аз ноҳияи Айӣ ба мавзеи бунёди маҷмааи саноатии Кончоч кашида шудааст. Ҳаҷми умумии сармоя, ки барои бунёди маҷмаии саноатии «Талко Голд» ҷудо гардидааст, 230 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад. Алҳол дар сохтмони ин корхонаи бузурги саноатӣ «Талко Голд» ҳудуди 500 нафар коргарон ва мутахассисони тоҷик, чинӣ ва қирғиз  фаъолият дошта, 90 фоизи коргаронро сокинони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.  Намояндагони  расонаҳои хабарии Тоҷикистон  зимни сафар ба ин мавзеи саноатӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ,  васлу насби таҷҳизот дар корхонаи «Талко Голд», бунёди кону чоҳҳо,  корҳои бетонхобкунӣ дар обанбор, ки барои коркарди такрорӣ ё дубораи ашёи хом истифода мегардад ва ҳавзҳои таҳшонкунанда аз наздик шинос гардиданд. Тибқи нақша, маҷмааи саноатии «Талко Голд» мебоист соли 2020 ба истифода дода мешуд. Яке аз омилҳои  дар муҳлати муайянгардида ба истифода дода нашудани корхонаи саноатии «Талко Голд»-ро  Ли Фэн  марбут ба пандемияи Covid-19  ва дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон дар мондани таҷҳизоти асосӣ, ки аз  Чин ворид карда мешаванд, арзёбӣ намуд. Мавсуф афзуд, ки таҷҳизоте, ки барои сохтмони корхона аз Чин оварда мешавад, хеле бузурганд ва тариқи шоҳроҳи  Қулма –Қароқурум –марзи Тоҷикистону Чин интиқоли онҳо ғайриимкон аст, зеро роҳ дар ин масир танг аст.

Тарҳи мазкур дар ҷумҳурӣ  ва минтақа нодир аст, зеро дар бунёди он беҳтарин ва муосиртарин тенология ва таҷҳизоти кишварҳои пешрафати дунё, ки ҷавобгӯ ба меъёрҳои ҳифзи муҳити зистанд, васлу насб мегарданд. Бунёди маҷмааи саноатии «Талко Голд» дар мавзеи Кончоч ба рушди иқтисодиёти Тоҷикистон, хусусан  саноати кӯҳӣ,  баланд бардоштани иқтидори  саноатӣ ва содиротии кишвар, фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ, таъмини коргарон бо  маоши хуб  ва дар маҷмӯъ дар баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ва татбиқи  Ҳадафи чоруми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон -саноатикунонии мамлакат ва ба кишвари индустриалӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон нақши муассир мегузорад. Интизор меравад, ки дар баробари  ба фаъолият шурӯъ намудани ин корхонаи бузурги саноатӣ — «Талко Голд» истеҳсоли солонаи тилло дар ҷумҳурӣ 2,2 тонна, сурма 21 ҳазор тоннаро ташкил диҳад ва Тоҷикистон аз лиҳози истихроҷи сурма дар миқёси ҷаҳон баъд аз Чин ва Русия дар зинаи сеюм қарор гирад.

                                                 Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
                                                            Душанбе-Кончоч-Душанбе

      АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Ноябрь 5, 2021 14:17

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ ТОҶИКИСТОН ТАВАССУТИ РАҚАМИКУНОНӢ, ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА НИЗОМИ МАОРИФИ ПЕШРАФТА. Бардошт аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ЭНЕРГЕТИКӢ-ЯКЕ АЗ ҲАДАФҲОИ СТРАТЕГИИ ҲУКУМАТИ ТОҶИКИСТОН. Моҳи майи соли 2027 Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: «Соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз мегардад»
Дар Тоҷикистон «Стратегияи ҷалби сармоя барои давраи то соли 2040» таҳия мегардад
Пешвои миллат: «Дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 фоизро ташкил дод»
Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон аз 39 миллиард сомонӣ ба 73 миллиард сомонӣ расонида шуд
Ба ҳама намуд санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ (ба истиснои санҷишҳои мақомоти андоз) то 1 январи соли 2027 мораторий эълон карда шуд
Президенти Тоҷикистон: «Аз моҳи майи соли 2027 норасоии неруи барқ дар Тоҷикистон пурра бартараф мегардад»
Солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон гардиданд
Пешвои миллат: «Аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд»
Маҳсулоти саноатии Тоҷикистон аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба анҷом расидаанд»