Маҳмадалӣ Ватанзода дар ҷаласаи навбатии Шӯрои АБ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 26.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБП ИДМ) иштирок ва суханронӣ намуд, хабар дод котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон Муҳаммадато Султонов ба АМИТ «Ховар».
Ҷаласаи навбатии Шӯрои АБП ИДМ дар сиғаи омехта таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия, Раиси Шӯрои АБП ИДМ Валентина Матвиенко баргузор гардид.
Муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил роҷеъ ба натиҷаҳои мониторинги маъракаҳои интихоботӣ дар фазои Иттиҳод ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Узбекистон аз 24 октябри соли 2021, фаъолияти гурӯҳҳои назоратӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо маълумоти муфассал дод. Муайян карда шуд, ки ин маъракаҳои интихоботӣ ба қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои байналмиллалии баргузории интихоботи демократӣ мувофиқанд.
«Ҳамаи мо боварӣ дорем, ки дар доираи мониторинги интихобот чӣ гуна корҳои густурда сурат гирифта, дар ин кор чӣ қадар вакилони маҷлисҳои миллӣ ҷалб шудаанд. Ин мактаб аст, ин таҷриба аст, ин омӯзиши қонунгузории интихоботӣ, институтҳои демократия аст»- гуфт Валентина Матвиенко дар ҷамъбасти баррасии ин масъала ва даъват кард, ки Институти байналмилалии мониторингро дастгирӣ кунанд.
Иштирокчиёни ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин иттилооти Раиси Кумитаи иҷроия-Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедевро дар бораи қарорҳои Шӯрои Сарони давлатҳои ИДМ аз 15 октябри соли 2021 ва Шӯрои Сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 12 ноябри соли 2021 шуниданд.
Аъзои Шӯро дар доираи рӯзномаи ҷаласа дар маҷмӯъ 23 масъаларо оид ба масоили ҷорӣ ва мубрами ҳамкорӣ дар доираи АБП ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул карданд.
Дар интиҳои ҷаласаи Шӯро натиҷаҳои кори ин Созмон дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ ва нақшаи кори АБП ИДМ дар соли 2022 қабул карда шуд.
Худи ҳамин рӯз раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саидмурод Фаттоҳзода, Сумангул Тағойзода ва Машраби Файзулло дар кори комиссияҳои доимии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд
Дар ҷаласаи комиссияи доимии Ассамблеяи Байнипарлумонӣ оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, ки дар он Саидмурод Фаттоҳзода иштирок намуд, рӯзномаи ҷаласа аз масъалаи ташкилӣ оғоз шуд: узви Кумитаи миллии Парлумони Озарбойҷон оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ Расима Мусобекова, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Рубен Рубинян ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода муовинони Раиси комиссияи мазкур интихоб гардиданд.
Дар ҷаласаи Комиссия ҳамчунин лоиҳаи Изҳороти Шӯрои АБ ИДМ «Дар бораи 30-солагии таъсисёбии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» баррасӣ ва тасвиб шуд: ҳуҷҷат бояд дар ҷаласаи тантанавии АБ ИДМ, ки моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мешавад, қабул шавад.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Сумангул Тағойзода дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон иштирок намуд.
Дар рӯзномаи ҷаласа лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи ҳифзи саломатии рақамӣ», «Дар бораи ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар» ва «Дар бораи суғуртаи касбии кормандони соҳаи тиб» баррасӣ гардида, аз рӯи ҳамаи масъалаҳои муҳокимашуда қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Машраби Файзулло дар кори ҷаласаи комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба иқтисодиёт ва молия иштирок намуд.
Дар ҷаласаи комиссияи мазкур таъкид карда шуд, ки яке аз мушкилоте, ки комиссия бо дарназардошти воқеияти муосир ба он диққати бештар медиҳад, ин раванди рақамикунонӣ дар иқтисодиёт мебошад. Айни замон комиссия дар ин самт лоиҳаҳои як қатор қонунҳои намунавӣ: «Дар бораи дороиҳои молиявии рақамӣ», «Дар бораи трансформатсияи рақамии соҳаҳои давлатҳои аъзои ИДМ», «Дар бораи трансформатсияи рақамии соҳаи хизматрасонӣ дар кишварҳои узви ИДМ»-ро омӯхта, корҳои назаррасеро дар ин самт ба анҷом расонида истодааст.
Дар ҷаласаи имрӯза аъзои комиссия лоиҳаҳои ин қонунҳои намунавиро ҳамчун асос қабул намуда, онҳоро барои экспертизаи ҳуқуқӣ ба порлумонҳои миллӣ ирсол намуданд.
Дар ҷаласаи комиссияи мазкур вакилони ваколатдори парлумонҳои Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, коршиносони масоили иқтисодӣ иштирок доштанд.
АКСҲО: МН МО ҶТ