Мавқеъ ва манзалати милитсия имрӯз дар ҷомеа баланд аст,-бардошт аз ҳамоиши тантанавӣ дар Мурғоб
ДУШАНБЕ, 10.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар тамоми шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ Рӯзи милитсияи тоҷикро бо шукӯҳу тантана таҷлил намуда истодаанд. Дар ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ ин идро бо самимияти хосса ҷашн гирифтанд, хабар медиҳад АМИТ “Ховар” бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мурғоб.
Дар оғоз Суруди миллӣ садо дода, ҷаласаро раиси ноҳияи Мурғоб Ҳусния Раҷабзода ифтитоҳ намуд.
Мавсуф иброз дошт, ки мавқеъ ва манзали милитсия имрӯз дар ҷомеа хеле баланд аст, зеро мақомоти корҳои дохилӣ аз ҳама гуна амалҳои носавобу душманонаи дилхоҳ гурӯҳҳои ҷиноятпеша, ки ба амнияту суботи дохилии давлат, ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва умуман зиндагии осудаи мардум хатар эҷод мекунанд, ҷилавгирӣ менамояд.
Дар ҳамоиши тантанавӣ инчунин аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия як гурӯҳ кормандони милитсия ва собиқадорони соҳа бо туҳфаҳои хотиравӣ ва ифтихорномаи раиси ноҳия қадрдонӣ гардиданд.
Дар хатми ҷамъомад аз тарафи бахши фарҳанги ноҳия барномаи ҳунарӣ пешкаши тамошобинон гардид.
АКСҲО: МИҲД-и ноҳияи Мурғоб










Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд






