Муовини Вазири молия ҳамкорӣ бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодиро муҳим арзёбӣ намуд

Ноябрь 3, 2021 11:37

ДУШАНБЕ, 03.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 27 октябр зимни вохӯрии муовини Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва Роҳбари намояндагии Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Чо Ингю  масъалаҳои маблағгузории Фонди мазкур ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ки фарогири шумораи зиёди баҳрагирандагон мебошанд, мавриди муҳокима қарор дода шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» ба истинод ба Вазорати молия.

Зикр шуд, ки Фонди мазкур ба Ҳукумати Ҷумҳурии Корея тааллуқ дошта, барои таъмин намудани рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии давлатҳои шарик қарзи имтиёзнок пешниҳод менамояд. Инчунин бо дархости Ҷумҳурии Тоҷикистон имкони пешниҳоди кумаки техникӣ барои омодакунии асосноккунии техникӣ-иқтисодӣ (ТЭО) мавҷуд мебошад.

Дар фарҷоми вохӯрӣ муовини Вазири молия ҳамкориро бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ муҳим арзёбӣ намуда, барои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ ибрози омодагӣ намуд.

АКС: Вазорати молия

Ноябрь 3, 2021 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд