Насли ҷавон бояд дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия ёбад,-бардошт аз мулоқоти роҳбарияти МИҲД Душанбе бо донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббӣ

Ноябрь 24, 2021 10:06

ДУШАНБЕ, 24.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳими расмии барномавӣ ва муайянкунада буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дониста шуда, дарбаргирандаи барномаи мукаммали тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Ин нуктаро муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Коллеҷи ҷумҳуриявии тиббии Тоҷикистон баён дошт, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Вохӯрии мазкур дар доираи қарори Раиси шаҳри Душанбе дар бораи таҳким бахшидани робита бо аҳли ҷомеа доир ба ҳифзу тарғиби дастовардҳо ва арзишҳои 30 соли Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, сулҳу амният, баланд бардоштани ҳувияти миллию маънавӣ ва ҳамбастагӣ дар робита ба иҷрои вазифаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2021 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр гардидаанд, баргузор гардид.

Зикр шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар паёмҳояшон таъкид намудаанд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо он аст, ки Истиқлолияти давлатамонро пойдор нигоҳ дошта, насли наврасу ҷавонро дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ тарбия намоем. Яъне насли имрӯз бояд бомаърифат, бофарҳанг, эҷодкор, номбардори миллату давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон гардад.

Чунончи, Пешвои муаззами миллат 30 октябри соли 2020 дар маросими савгандёдкунӣ таъкид намуданд, ки «мо ба ҷавонони даврони истиқлол эътимоди бузург дорем ва барои онҳо тамоми шароиту имконияти заруриро фароҳам месозем, то ҷавонони мо ҳамчун насли ояндасоз зимоми фардои давлат, Ватан ва халқи худро ба даст гиранд, сарзамини аҷдодиро соҳибӣ кунанд, онро обод созанд, яъне кори моро ба хотири пешрафту ободии Тоҷикистони маҳбубамон идома диҳанд».

Дар ҷараёни ҳамоиш омӯзгорони коллеҷ иброз доштанд, ки маҳз ҳамин таъкидҳои Пешвои миллат онҳоро муваззаф месозад, ки баҳри ҳифзу пойдории Истиқлолияти кишвар ва дар ин замина ҷиҳати тарбияи насли ояндасози кишвар дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ ҳисса гузоранд.

Аксҳо аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе

Ноябрь 24, 2021 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд