Охири моҳи ноябр Фестивал-намоиши чорвои зотӣ баргузор мешавад

Ноябрь 22, 2021 11:58

ДУШАНБЕ, 22.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Охири моҳи ноябр дар мамлакат баргузории Фестивал-намоиши чорвои зотӣ дар назар дошта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Фестивал-намоиши  мазкур дар вилояти Суғд 20 ноябр доир шуд ва баргузории он 27 ноябр дар шаҳри Ваҳдат, 28 ноябр дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон дар  назар дошта шудааст. Дар Фестивал-намоиши  зикршуда  беҳтарин чорвои зотии хоҷагиҳои зотпарварӣ ва бахши аҳолӣ, ки ба парвариши чорвои зотӣ машғуланд, ба намоиш ва фурўш гузошта мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 20 ноябр дар фермаи ҶСК ба номи  Абдураҳим Ҷумаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров намоиши чорвои зотӣ доир гардид, ки дар он чорвои калони зотии гӯштӣ ва ширдеҳ, аз ҷумла, уштур, асп ва моли майда ба намоиш гузошта шуд. Дар  намоиши мазкур  Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок  намуд.

Тибқи  маълумоти оморӣ ба ҳолати 1 ноябри соли 2021 дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят 673 ҳазору 978 сар чорвои калон, аз он 370 ҳазору 666 сар модагов, 1 миллиону 600 ҳазору 890 сар моли майда, 5 миллиону 283 ҳазору 417 сар паранда, 8 ҳазору 585 сар асп, 72 ҳазору 648 адад оилаи занбӯри асал парвариш карда мешавад.

Инчунин, дар давоми 10 моҳи соли равон  зиёда  аз 8 ҳазору 500 сар чорво барои хушзот намудани чорвои маҳаллӣ ва таъмин намудани бозори дохилӣ бо гӯшту шир аз тарафи соҳибкоронӣ ватанӣ аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Қазоқистон ворид карда шудааст.

-Бо мақсади амалигардонии рушди устувори соҳаи чорводорӣ ва мусоидат намудан дар таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти хушсифату рақобатпазири ватанӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи маҷмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” қабул гардид, ки он ба рушди минбаъдаи соҳаи чорводорӣ, баланд бардоштани маҳсулнокӣ, зиёд намудани саршумор ва истеҳсоли маҳсулот, таъмини аҳолӣ бо гӯшт, шир, тухм, гӯшти моҳӣ, асал ва ба роҳ мондани истеҳсолоти маҳсулоти воридотивазкунанда мусоидат менамояд,-иброз дошт Раҷаббой Аҳмадзода.

Боиси зикр аст, ки дар вилоят дар ин давраи соли ҷорӣ ҷиҳати афзун  намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаи човопарварӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шуда, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят ба ҳолати 1 ноябри соли ҷорӣ 47 ҳазор тонна гӯшт, 212 ҳазор тонна шир, зиёда аз 514 миллион дона тухм, 1 ҳазору 578 тонна пашм ва 1 ҳазору 409 тонна асал истеҳсол гардид, ки нисбат ба нишондодҳои ҳамин давраи соли гузашта, мутаносибан гӯшт 7 ҳазору 991 тонна, шир 2 ҳазору 651 тонна, тухм 27 миллион дона, пашм 32 тонна ва асал 21 тонна зиёд мебошад.

Дар намоиши мазкур беҳтарин навъҳои чорво муайян гардида, ба сокиноне, ки дар парваришу нигаҳдории чорво фаъоланд, туҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.

АКСҲО:Вазорати кишоварзии ҶТ

Ноябрь 22, 2021 11:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Ташкилоти молиявию қарзии Хатлон ба иқтисодиёт беш аз 2 миллиард сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намудаанд
Ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 443 миллион доллар маҳсулоти нафтӣ ворид карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш мешавад
Имрӯз дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ОБОДОНӢ ДАР ДЕҲОТ. Дар деҳаи Роҷи Панҷакент варзишгоҳи мактабӣ ба истифода дода шуд
3010 нафар сайёҳони хориҷӣ манзараҳои нотакрори Ховалингро тамошо намуданд
Дар Хатлон 165 бинои нави муассисаҳои таълимӣ бунёд карда мешавад
6 август дар вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии омор нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон гармии ҳаво ба 37 дараҷа мерасад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 август, сешанбе, 217-умин рӯзи соли 2025 аст
Имрӯз дар Суди Олии иқтисодӣ, Хадамоти иҷро, Маркази тадқиқоти стратегӣ, «Амонатбонк» ва Маркази миллии тестӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ 20 нафарро аз ғарқшавӣ наҷот доданд