Ғолибони бозиҳои даври 26-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд
ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 ноябр бозиҳои даври 26-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардиданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.
Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе, ки бояд барандаи медалҳои биринҷиро муайян мекард, бо ҳисоби мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Акнун тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври ҷамъбастӣ ҳал мегардад.
5 декабр дар даври 27-ум дастаи футболи КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдони худаш бо дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе байни ҳам вомехӯранд.
Дар бозии дигари даври 26-ум дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар бар дастаи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи ғолиб Нуриддин Ҳамроқулов ду гол, Парвиз Боқӣ-Охунов як гол ба нишон расониданд.
Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе ба дарвозаи дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ панҷ голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов ду гол, Алишер Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров якголӣ ба номашон сабт карданд. Дар доираи ин бозӣ ба дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки қабл аз муҳлат ба унвони чемпионӣ расид, ҷом ва медалҳои тилло тақдим карда шуданд.
Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод. Бозингари дастаи «Эсхата» Дилшод Каримов ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро кушод. Голи дуюми дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро Артём Сердюк ба ҳадаф расонид. Бонкчиҳо тавассути зарбаи нишонраси Иброҳим Эшонхонов як гол ба нишон расонид.
Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб дар майдони худ аз дастаи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Бозингари дастаи «Кӯктош» Азизбек Султонов ду гол зад. Мизбонон тавассути зарбаҳои нишонраси Аваз Қамчинов ва Далер Шомуродов ҳисобро баробар карданд, вале 4 дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ Амирҷон Сафаров голи пирӯзиовари дастаи футболи «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакиро ба нишон расонид.
| ҶОЙИ | ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т-Т | Х |
| 1 | «Истиқлол» (Душанбе) | 25 | 20 | 4 | 1 | 76-8 | 64 |
| 2 | «Хуҷанд»(Хуҷанд) | 25 | 17 | 3 | 5 | 52-25 | 54 |
| 3 | КМВА (Душанбе) | 26 | 11 | 8 | 7 | 36-29 | 41 |
| 4 | «Истаравшан»(Истаравшан) | 26 | 11 | 6 | 9 | 28-25 | 39 |
| 5 | «Хатлон»(Бохтар) | 26 | 10 | 6 | 10 | 29-31 | 36 |
| 6 | «Равшан» (Кӯлоб) | 26 | 7 | 8 | 11 | 27-34 | 29 |
| 7 | «Эсхата» (Хуҷанд) | 26 | 8 | 3 | 15 | 32-49 | 27 |
| 8 | «Файзканд» (Восеъ) | 26 | 7 | 5 | 14 | 18-36 | 26 |
| 9 | «Кӯктош» (Рӯдакӣ) | 26 | 7 | 5 | 14 | 37-56 | 26 |
| 10 | «Душанбе» (Душанбе) | 26 | 4 | 6 | 16 | 23-65 | 18 |
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд






