Ғолибони бозиҳои даври 26-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ муайян шуданд

Ноябрь 25, 2021 13:38

ДУШАНБЕ, 25.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. 23-24 ноябр бозиҳои даври 26-уми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ дар варзишгоҳҳои мамлакат хеле ҷолиб баргузор гардиданд, иттилоъ медиҳад шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон.       

Бозӣ миёни дастаҳои футболи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан  бо  дастаи КМВА-и шаҳри Душанбе, ки бояд барандаи медалҳои биринҷиро муайян мекард, бо ҳисоби мусовӣ – 0:0 анҷом ёфт. Акнун тақдири медалҳои биринҷӣ дар даври ҷамъбастӣ ҳал мегардад.

5 декабр дар даври 27-ум дастаи футболи  КМВА-и шаҳри Душанбе дар майдони худаш бо  дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, дастаи «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан дар меҳмонӣ бо дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе байни ҳам вомехӯранд.

Дар бозии дигари даври 26-ум  дастаи футболи  «Хатлон»-и шаҳри Бохтар  бар дастаи  «Душанбе»-и шаҳри Душанбе  бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуд. Дар ҳайати дастаи  ғолиб Нуриддин Ҳамроқулов ду гол, Парвиз Боқӣ-Охунов як гол ба нишон расониданд.

Дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе  ба дарвозаи дастаи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ  панҷ голи беҷавоб зад. Манучеҳр Ҷалилов ду гол, Алишер Ҷалилов, Шервонӣ Мабатшоев, Рустам Соиров якголӣ ба номашон сабт карданд. Дар доираи ин бозӣ ба дастаи футболи  «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе, ки қабл аз муҳлат ба унвони чемпионӣ расид, ҷом ва медалҳои тилло тақдим карда шуданд.

Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд дастаи  «Эсхата»-и шаҳри Хуҷандро бо ҳисоби  2:1 шикаст дод. Бозингари  дастаи «Эсхата»  Дилшод Каримов ба дарвозаи дастааш гол зада, ҳисобро кушод. Голи дуюми  дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷандро Артём Сердюк ба ҳадаф расонид. Бонкчиҳо тавассути зарбаи нишонраси Иброҳим Эшонхонов як гол ба нишон расонид.

Дастаи футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб  дар майдони худ аз дастаи  «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ  бо ҳисоби 2:3 мағлуб шуд. Бозингари дастаи «Кӯктош»  Азизбек Султонов ду гол зад. Мизбонон тавассути зарбаҳои нишонраси Аваз Қамчинов ва Далер Шомуродов ҳисобро баробар карданд, вале 4 дақиқа пеш аз анҷоми вақти асосии бозӣ Амирҷон Сафаров голи пирӯзиовари дастаи  футболи «Кӯктош»-и   ноҳияи Рӯдакиро ба нишон расонид.

 

ҶОЙИ   ДАСТАҲО                                     Б       Ғ       М      Б       Т-Т       Х 
 1  «Истиқлол» (Душанбе)  25  20  4  1  76-8  64
 2  «Хуҷанд»(Хуҷанд)  25  17  3  5  52-25  54
 3  КМВА (Душанбе)  26  11  8  7  36-29  41
 4  «Истаравшан»(Истаравшан)  26  11  6  9  28-25  39
 5  «Хатлон»(Бохтар)  26  10  6  10  29-31  36
 6  «Равшан» (Кӯлоб)  26  7  8  11  27-34  29
 7  «Эсхата» (Хуҷанд)  26  8  3  15  32-49  27
 8  «Файзканд» (Восеъ)  26  7  5  14  18-36  26
 9  «Кӯктош» (Рӯдакӣ)  26  7  5  14  37-56  26
 10  «Душанбе» (Душанбе)  26  4  6  16  23-65  18

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Ноябрь 25, 2021 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи Тоҷикистон оид ба футзал дар даври чорякфиналӣ бо тими Афғонистон бозӣ мекунад
Пайрав Воҳидов: «Ҳадафи дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даст овардани роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон аст»
ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод