Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ соҳиби се медали биринҷӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 01.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Чемпионати ҷаҳон оид ба намуди гӯштини камарбандӣ бо иштироки беш аз 350 нафар варзишгарон аз 21 давлати дунё доир гардид, ки намояндагони Тоҷикистон низ дар он ширкат варзиданд, хабар дод корманди Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳалимҷон Набизода ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар».
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба намуди гӯштини камарбандӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 нафар варзишгарон иштирок намуданд.
Аз миёни онҳо дар вазни 57 кг Меҳроҷ Рабиев, дар вазни 62 кг Кароматулло Қурбонов ва дар вазни 90 кг Беҳрӯз Гулмаҳмадзода дар маҷмӯъ 3 медали биринҷӣ ба даст оварда, парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини камарбандӣ парафшон намуданд.
АКС аз КМО Тоҷикистон








Дар Сафорати Тоҷикистон дар Салтанати Умон бо дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон вохӯрӣ доир шуд
Дар Ҷамоати деҳоти Роҳатии ноҳияи Рӯдакӣ иншооти нави таълимию варзишӣ ба истифода дода шуданд
Дар вилояти Хатлон беш аз 40 мактаби варзишӣ фаъолият дорад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Русия бозии дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ бо мунтахаби Чин оғоз намуд
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо ҳамсолони худ аз Умон ду бозии дӯстона анҷом медиҳад
Дар ноҳияи Мурғоб майдончаҳои нави варзишӣ ба истифода дода шуданд
«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд






