ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОН! Дар ноҳияи Лахш бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир шуд

Ноябрь 22, 2021 11:34

ДУШАНБЕ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар қисми низомии  Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Лахш бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо иштироки  гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо сарбозону афсарон ҷамъомад баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» бо истинод ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия.

Раиси ноҳияи Лахш Файзулло Баротзода  иброз дошт, ки Парчам рамзи давлату давлатдорӣ буда, шаҳрвандонро ба ҳимояи Ватан, зиндагии ором, сулҳу осоиштагӣ, рушду нумӯъ ва таҳкими пояҳои соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Парчам таҷассуми мубориза барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон ва саъю кӯшиши ҳамвора баҳри сарсабзию хуррамии мамлакат мебошад. Аз ин рӯ, шарафу эътибори он дар дохилу беруни кишвар ҳамчун муқаддасоти бузурги миллӣ ва ҳимояту пуштибонии давлату давлатдорӣ маҳсуб мешавад.

Зикр кардан зарур аст, ки ҳифзи Ватан, ҳимояи марзу бум ва манфиатҳои миллӣ қарзи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дар ҳамин замина чунин ҷамъомадҳо аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш мунтазам дар қисмҳои ҳарбии ҳудуди ноҳия ба роҳ монда мешаванд.

Ҳамчунин бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия дар байни ҷавонону наврасон озмунҳои шоҳмот, шашка ва футбол доир шуда истодаанд ва гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар муассисаҳои таълимию миёнаи касбии ноҳия вохӯриҳо гузаронида, дар онҳо доир ба аҳамияти  Рӯзи Парчами давлатӣ сухан мегӯянд.

АКСҲО аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш

Ноябрь 22, 2021 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
МегаФон Тоҷикистон дар ҷумҳурӣ нахустин пайвасткунии тарофаҳо ва хизматрасониҳоро тавассути сомонаи расмӣ ба роҳ монд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар оид ба даъвати баҳории ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ ҳамоиш баргузор гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Зудтару дақиқтар: дар Тоҷикистон сифати хизматрасониҳои мобилиро беҳтар мекунанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок шуда, борон меборад
«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад