«ШУКУФАҲОИ ПОЙТАХТ». Дар Душанбе Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ доир мешавад
ДУШАНБЕ, 26.11.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи эълон гардидани «Душанбе- пойтахти фарҳангии Иттиҳод – 2021» аз 6 то 10 декабри соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил – «Шукуфаҳои пойтахт» баргузор мегардад. Дар ин бора қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Тибқи ин қарор, нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид, иттилоъ доданд аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар».
Ҳадаф аз баргузории фестивали мазкур фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳкими муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдоди кишварҳои узви ИДМ, омӯзиш ва арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат ва тамаддуни ҳамдигарӣ ва дар ин замина мусоидат намудан дар муаррифӣ ва рушди эҷодиёти мусиқиву бадеии насли наврас мебошад.
Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе муваззаф гардидааст, ки аз ҳисоби маблағҳои барои иҷрои мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда ҷиҳати ташкил ва баргузории Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ – «Шукуфаҳои пойтахт» 200 000 (дусад ҳазор) сомонӣ маблағ ҷудо намояд.
Тибқи қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои ҷумҳуриявӣ барои таъмини иҷрои саривақтии нақшаи чорабинии мазкур вазифадор гардидаанд.
Ҳамчунин Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории фестивали мазкур муқаррар шудааст.
АКС аз бойгонии АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мешаванд
Субҳи имрӯз «Корвони наврӯзӣ» ба сокинону меҳмонони пойтахт навиди фарорасии баҳорро расонид
Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор мегардад
Наврӯз ҳамчун бренди миллӣ ва абзори «дипломатияи фарҳангӣ»: натиҷаҳо ва дурнамои Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ»
МУЖДАИ ФАРОРАСИИ БАҲОР. Онро корвони наврӯзӣ тавассути чор дарвозаи пойтахт ба сокинон мерасонад
Имрӯз иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум доир шуд
Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор гардид
Тантанаҳои наврӯзӣ дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе то 28 март идома меёбанд
Дар Тоҷикистон барномаҳои фарҳангии Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир мегарданд
Имрӯз Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Пагоҳ Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ» баргузор мешавад
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд






