Шурӯъ аз соли 2022 Тоҷикистон барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон низоми бидуни раводид ҷорӣ менамояд

Ноябрь 24, 2021 13:21

ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон низоми бидуни раводидро нисбат ба шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон ҷорӣ хоҳад кард. Қарори мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намуд. Тибқи ин ҳуҷҷат, низоми мазкур шурӯъ аз 1 январи соли 2022 амалӣ карда мешавад.

Дар қарори Ҳукумат гуфта мешавад, ки шурӯъ аз 1 январи соли 2022 барои шаҳрвандони 52 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Аргентина, Белгия, Олмон, Канада, ИМА, Фаронса, Ҷопон барои ворид шудан ба ҷумҳурӣ низоми бидуни раводид ҷорӣ карда мешавад.

Муайян карда шудааст, ки муҳлати будубоши шаҳрвандони кишварҳои номбурда дар ҳудуди Тоҷикистон 30 рӯз муқаррар шудааст. Дар айни ҳол тибқи қарори дигари қабулнамудаи Ҳукумати кишвар,  шаҳрвандони боз 14 кишвар ба рӯйхати давлатҳои хориҷие, ки шаҳрвандонашон ҳуқуқи гирифтани раводид бо тартиби содакардашуда доранд, дохил карда шуданд. Ҳоло шумораи ин гуна давлатҳо ба 112 мерасад, чунин бармеояд аз маълумоти сомонаи Сарраёсати консулгарии Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Ҳамин тавр, ба қаламрави Тоҷикистон бидуни барасмиятдарории раводид шаҳрвандони кишварҳои зерин метавонанд ворид шаванд:

  1. Австралия
  2. АМА
  3. Люксембург
  4. Бруней
  5. Кувайт
  6. Қатар
  7. Зеландияи Нав
  8. ИМА
  9. Исландия
  10. Канада
  11. Швейтсария
  12. Малайзия
  13. Маҷористон
  14. Австрия
  15. Аргентина
  16. Олмон
  17. Доминикан
  18. Индонезия
  19. Италия
  20. Кореяи ҷанубӣ
  21. Куба
  22. Латвия
  23. Литва
  24. Малдив
  25. Полша
  26. Португалия
  27. Сингапур
  28. Туркия
  29. Филиппин
  30. Финляндия
  31. Фаронса
  32. Хорватия
  33. Чехия
  34. Чили
  35. Шри-Ланка
  36. Эквадор
  37. Эстония
  38. Юнон
  39. Лихтенштейн
  40. Монако
  41. Арабистони Саудӣ
  42. Баҳрайн
  43. Белгия
  44. Дания
  45. Испания
  46. Нидерландия
  47. Норвегия
  48. Таиланд
  49. Урдун
  50. Шветсия
  51. Ямайка
  52. Ҷопон

Ба хориҷиён воридшавӣ ба ҷумҳурӣ бидуни доштани ҳуҷҷати болозикр танҳо бо як шарт имконпазир аст. Онҳо метавонанд дар ҳудуди Тоҷикистон танҳо як моҳ- 30 рӯз бошанд.

Пас аз муҳлати нишондодашуда онҳоро мебояд раводид бигиранд. Шаҳрвандони 14 кишваре, ки раводидро дар шакли содакардашуда имкони дастрас намудан доранд, инҳоянд:

1. Камбоҷа

2. Бутан

3. Гондурас

4. Кабо-Верде

5. Никарагуа

6. Гана

7. Камерун

8. Бенин

9. Танзания

10. Кения

11. Лаос

12. Конго

13. Бангладеш

14. Буркина-Фасо

Ёдовар мешавем, ки шаҳрвандони беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Русия, бар асоси қарордод дар бораи низоми бидуни раводид барои сафар ба Тоҷикистон ба раводид ниёз надоранд.

АКС: дорои  ҷанбаи тасвирӣ

Ноябрь 24, 2021 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея ҳамкории байни муассисаҳои таҳсилоти олии ду мамлакатро матраҳ намуданд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд