Таҳсили фарогир кӯдаконро муттаҳид месозад
ХОРУҒ, 22.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Маркази итилоотии захиравии «Инклюзия»-и шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мутобиқи лоиҳаи «Гуногунии инсон, маъюбият ва таҳсилоти фарогир» бо ширкати ҳунармандони ҷавони студияи «Лӯхтак» барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақами 22-и деҳаи Раҳмонободи ноҳияи Шуғнон доир ба гуногунии инсон ва таҳсили фарогир барнома намоиш дод», хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар».
Роҳбари Маркази итилоотии захиравии «Инклюзия»-и шаҳри Хоруғ Лайло Нафасшоева гуфт, ки «Намоиш ҷанбаҳои мухталифи ҳаёти шахсони имконияташон маҳдудро дар бар гирифта, муҳтавои аслии он ин аст, ки сарфи назар аз нуқсҳои ҷисмонӣ ҳамаи кӯдакон ҳуқуқи баробар доранд. Онҳо бояд дар канори ҳам нишаста, таҳсил намоянд, дар корҳои ҷамъиятӣ баробар саҳм гузоранд ва аз ҳама муҳим- таҳаммулпазир бошанду ҳамдигарро эҳтиром намоянд. Кӯдакони маъюб дар баъзе маврид бо тарзу шеваҳои гуногун аз ҷомеа канор гузошта мешаванд, ки аз он ранҷ мебаранд. Бинобар ин ба роҳ мондани таҳсили фарогир бисёр монеаҳоро аз сари роҳ дур меандозад ва ба кӯдакони дорои имконияти маҳдуд шароит фароҳам меорад, то мисли ҳамсолони дигари худ дар оянда аз ҳаёти худ баҳраи нек бардоранд».
-Шахсони имконияташон маҳдуд ва бахусус кӯдакону наврасони маъюб ҳамеша ба кумаку ғамхории давлат ниёз доранд. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ин гуна кӯдакон Консепсияи миллии таҳсилоти фарогир (инклюзив) қабул шуд, ки он ҳуқуқҳои кӯдаконро ҳаматарафа ҳифз ва дар баробари таҳсили ибтидоӣ, миёна ва олӣ ҳамчунин барои ҷалби онҳо ба маҳфилҳои омӯзишию фарҳангӣ мусоидат мекунад, — Лайло Нафасшоева.
Хонандаи синфи чоруми ҳамин таълимгоҳ Зуҳал Шоҳхуртекова гуфт, ки «имрӯз пас аз тамошои намоиш фаҳмидам, ки одамонро кӯру кар гуфтан норавост, балки мо онҳоро бояд нобино ва ношунаво бигӯем. Ман бисёр мехостам, ки ин гуна кӯдакон ҳамроҳи мо таҳсил кунанд ва соҳиби дониш шаванд. Мо ҳамеша омода ҳастем, ки ба онҳо кумак расонем».
Ёдовар мешавем, ки ба хотири ҳифзи ҳуқуқи одамони имконияташон маҳдуд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуну санадҳои муҳим ба тасвиб расида, барои таҳсил, кору рӯзгори ин қишри ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Хизматрасониҳои ройгони иҷтимоию фарҳангӣ яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сохторҳои давлатӣ ба шумор рафта, ҳадафи он сари вақт ҳал намудани мушкилоти шахсони имконияташон маҳдуд мебошад. Нақши созмонҳои ҷамъиятӣ, волонтёрон ва шахсони саховатпеша низ дар осону сабук гардонидани мушкилоти ин қишри осебпазири ҷомеа дар замони соҳибистиқлолӣ арзишманд ба назар мерасад.
АКСҲО: АМИТ «Ховар»









Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон барф меборад
«МАКТАБИ МОДАРОН». Дар Ёвон духтарон таҷриба омӯхта, ба ҳаёти мустақилона омода мешаванд






