То оғози Мусобиқаи «Гранд Слам» оид ба гӯштини дзюдо дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду рӯз монд
ДУШАНБЕ, 24.11.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, аз 26 то 28 ноябр дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Мусобиқаи «Гранд Слам» оид ба намуди гӯштини дзюдо баргузор мегардад, ки дар он 10 паҳлавони маъруфи тоҷик шарафи Тоҷикистонро ҳимоя менамоянд, хабар доданд аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон.
Пойтахти Амороти Муттаҳидаи Арабӣ охирин мусобиқа оид ба намуди гӯштини дзюдо миёни калонсолонро дар соли 2021 мегузаронад. Тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқаи мазкур 232 нафар варзишгар (144 мард, 88 зан) аз 42 давлати ҷаҳон иштирок мекунанд.
Дар ин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ 10 паҳлавони шинохта Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ мекунанд:
-60кг — Шаҳбоз САИДАБУРОРОВ
-66кг — Алиҷон САФАРАЛИЕВ
-66кг — Баҳром СУФИЕВ
-73кг — Муҳаммадраҳим САРАХОНОВ
-73кг — Сомон МАҲМАДБЕКОВ
-81кг — Ҳақназар НАЗАРОВ
-81кг — Хушвақт ИДИЕВ
-90кг — Ҷаҳонгир МАҶИДОВ
-90кг — Комроншоҳ УСТОПИРИЁН
+100кг — Темур РАҲИМОВ
Мусобиқаи мазкур 26 ноябр чун анъана бо рақобатҳо дар вазнҳои -48кг, -52кг, -57кг миёни бонувон, -60кг, -66кг миёни мардон шурӯъ мегардад. Дар рӯзи дуюм бонувони вазнашон -63кг, -70кг ва мардони вазнашон -73кг, -81кг миёни ҳам гӯштин мегиранд. Мусобиқа бо қувваозмоиҳои бонувон дар вазнҳои -78кг, +78кг, мардҳо дар вазнҳои -90кг, -100кг, +100кг ҷамъбаст мегардад.
Ғолибону ҷоизадорон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ мешаванд. Барои ҷои аввал 5000 доллари ИМА, барои ҷои дуюм 3000 доллар ва барои ҷои сеюм 1500 доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
Қобили зикр аст, ки ду ҳафта пеш (5-7 ноябр) паҳлавони маъруфи тоҷик Темур Раҳимов дар мусобиқаи Гранд Слами Боку сазовори медали нуқра гардида буд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд
Шаҳри Кӯлоб мизбони Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гӯштини ҷудо мегардад
Дастаи «Сипар»-и Хуҷанд бори дуюм унвони чемпиони Ҷоми Тоҷикистон оид ба футзалро сазовор гардид
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Дарвоз Академияи футболи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд
Дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ баргузор гардид
Дар вилояти Суғд ғолибони мусобиқаи вилоятӣ муайян гардиданд
Дастаи мунтахаби духтаронаи Тоҷикистон тими Амороти Муттаҳидаи Арабиро мағлуб намуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба камонварӣ ҷамъбаст гардид
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ба садгонаи беҳтаринҳои раддабандии ФИФА ворид шуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо дастаи яккачини Русия бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
Маросими гусели ҳайати дастаи мунтахаби паралимпии мамлакат ба Бозиҳои V Параосиёӣ баргузор гардид






